Рубрики Хабарҳо

Имомхатиби Восе акнун дар футбол ҳам пешгузар аст

Имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саийдакрам Сироҷев, ки мардум бештар “Домулло Хол” садо мекунанд, сардори дастаи футболи “Ҳулбук” интихоб шуд. Дар ин бора «Азия Плюс хабар медиҳад.

Дастае, ки номи қалъаи қадимиро дар Восеъ дорад, дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ имоми футболбозро бо гуфтаҳои “Мулло Хол ба пеш!” хушҳолона истиқбол карданд.

Як гурӯҳ мухлисон пуштибонии худро аз рӯҳониён дар майдони варзиш бо он асоснок карданд, ки ба назари онҳо, «дин аз дунё ҷудо нест. Кӣ гуфт, ки рӯҳонӣ набояд ба варзиш машғул шавад? Ин марди наҷиб ин корро ба манфиати ҷамъият кард. Худо ба ӯ ва дастаааш баракат диҳад! ”.

Дар даста умедворанд, ки обрӯву нуфузи имомхатиб ба кумаки тоҷирони маҳаллӣ ҷиҳати дар соли оянда ба Лигаи олии мамлакат роҳхат гирифтани дастаи “Ҳулбук” мусоидат мекунад. “Ҳулбук” қаблан дар Лигаи олӣ бозӣ карда, лекин бо сабаби камбуди молиявӣ дар он муддати тӯлонӣ фаъолият карда натавонист.

Дар мавсими пешини мусобиқаи Лигаи якум “Ҳулбук” зинаи 7-умро ишғол кард. Имсол даста талош мекунад, ки ба Лигаи олӣ роҳ ёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *