Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи паҳбодӣ ба хатҳои интиқоли нафти Арабистони Саудӣ

Вазорат энерҷии Арабистони Саудӣ аз ҳамлаи паҳбодҳо (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) ба ду истгоҳи хати интиқоли нафт дар ин кишвар хабар дод.

Холид ал-Фолих вазири энерҷӣ, саноеъ ва манобеъи табиии Арабистони Саудӣ эълом кард, ки истгоҳи ду хати интиқоли нафт дар минтақаи ғарбии ин кишвар субҳи имрӯз ҳадафи паҳбодҳо қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии ин кишвар — SPA, Фолиҳ ҳамчунин эълом кардааст: дар пайи ин ҳамалот истгоҳи шумораи 8 дучор оташсӯзӣ шуда ва интиқоли нафт аз сӯи ширкати миллии нафти ин кишвар мутаваққиф шудааст.

Ба гуфтаи вазири энерҷии Арабистон, таҳқиқоти масъулин дар мавриди бароварди хисороти мавҷуд барои идомаи интиқоли нафт идома дошта ва тавлиду содироти он дар кишвар низ мутаваққиф нашудааст.

Фолиҳ мӯътақид аст, ки илова бар кишвараш, иқтисоди ҷаҳонӣ ва табодули пул низ ҳадафи ин ҳамалот, ки ахиран дар минтақа рух додаанд, ҳастанд.

Ӯ гуфт: ин ҳамалот бори дигар лузуми муқобила бо ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон дар Яман ва соири гурӯҳҳои террористиро нишон медиҳад, ки иқдомот мушобеҳ анҷом медиҳанд.

Шабакаи телевизионии Ал-Масира, вобаста ба ҳусиҳои Яман низ муддаӣ шуда буд, ки 7 ҳамлаи ҳавоӣ ба чанд нуқтаи муҳим дар хоки Арабистони Саудӣ анҷом шудааст.

Арабистони Саудӣ рӯз гузаштаи низ эълом карда буд 2 нафткаши ин кишвар дар обҳои баҳри Уммон ҳадафи «иқдоми харобкорона» қарор гирифтааст. Рӯзи шанбе низ Амороти муттаҳидаи арабӣ дар мавриди 4 киштии боркашон чунин иддао карда буд.

Ҳанӯз вуҷуди робитае байни ин ҳаводис таъйид нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *