Қарзи хориҷии Тоҷикистон барои 1 апрел = $2 млрд. 914,7 млн
Ҳаҷми умумиии қарзи хориҷии Тоҷикистон тибқи ҳисоби тахминии Вазорати молия барои 1 апрел $2 млрд. 914,7 млн-ро ташкил додааст.
Тибқи итилоъи қаблии вазорат қарзи хориҷии Тоҷикистон барои аввали солӣ ҷорӣ баробар ба $2 млрд. 879 млн. буд, ки 38,9% Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии соли гузаштаро ташкил медод. Ҳамин тавр аз аввали сол ҳаҷми қарзи хориҷӣ $36 млн. бештар шудааст.
Дар таркиби қарзи хориҷӣ ҳудуди 95% ба маблағҳое рост меояд, ки барои ниёзҳои ҳукумати кишвар гирифта шудааст.
Ҳаҷми қарзи мустақими давлатӣ, ки хидматрасонии давлатиро таъмин кардааст барои 1 апреди соли ҷорӣ $2 млрд. 754,9 млн.-ро ташкил додааст.
5%-и боқимонда дар сохтори қарзи хориҷӣ ба шакли зер аст:
— қарзе, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз Хазинаи байналмиллалии асъор барои ҳифзи тавозуни пардохтҳо гирифтааст – $54,3 млн;
— Қарзе, ки БМТ аз Чин гирифтааст – $5 млн;
— Қарзи гирифтаи БМТ аз Бонки исломии рушд – $3,4 млн;
— Қарзҳо бо кафолати давлатӣ – $65,6 млн;
— Қарзи корхонаҳое, ки кафолтаи давлатӣ надоранд – $31,5 млн.
Тибқи иттилоъи Вазорати молия соли гузашта 12 созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба маблағи $402,6 млн. имзо шудаанд. Беша аз $251,1 млн., ё 62,5% ин маблағ ба грантҳо рост меоянд. Маблағи созишномаҳои қарзӣ $120,2 млн.-ро ташкил медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад дар се соли оянда беш аз $776 млн. қарзи хориҷӣ дарёфт кунад.