Рубрики Хабарҳо

Колхози ҳақиқӣ. Киҳо Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунанд?

Раисҷумҳур — колхозчӣ, Сарвазир — гидротехник, дипломат — гидрометеоролог, пулис — иқтисодчӣ… Чунин аст тахассуси мансабдорони радаи аввали Тоҷикистон, ки кишварро идора ва… нобуд мекунанд.  

Кашфи истеъдодҳои нави вазирони тоҷик пайваста дар сархати расонаҳои кишвар қарор дорад. Вазире, ки як соҳаи бузурги кишвар дар дасташ аст ва амалан бояд як дақиқа ҳам вақти холӣ надошта бошад, ногаҳон академик мешавад. Ё маълум мегардад як вазири қудратӣ шоир ва драманавис ҳам будааст. Вазири дигар, ки ду калимаро бо забони русӣ ба ҳам пайваст карда наметавонад, бо ҳамин забон рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад.

Паём тасмими гирифт тахассуси масъулини ҳукумат ва вазоратхонаҳои Тоҷикистонро бисанҷад, ки оё воқеъан раҳбарони вазоратхонаҳо мутахассиси соҳаи худанд? Натиҷае, ки ҳосил шуд, ғайриинтизор ҳам набуд. Маълум гардид на танҳо вазиру кабирҳо дар соҳаи худ кор намекунанд, балки ҳукумати Тоҷикистон асосан аз мутахассисони “хоҷагии қишлоқ” мураттаб шудааст. Ва аксари эшон донишгоҳро ҳамони шӯравӣ хатм намудаанд. Он замон ин гуна мутахассисон рост ба колхоз фиристода мешуданд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода — хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, тахассусаш муҳандиси гидротехника. Ӯ ин донишгоҳро дар соли 1982, замоне, ки колхозҳои шӯравӣ ба чунин муҳандисон ниёз доштанд, хатм кардааст.  

Ноиби аввали сарвазир Азим Иброҳим муҳассили Донишкадаи политехникии Тошканд мебошад ва тахассусаш заминшиносии иктишофӣ (геологоразведчик) аст.  

Раҳбари Кумитаи давлатии амниятии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҳам ҳамкасби Орумбекзода аст. Ӯ як сол қабл аз вазири фарҳанг Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлобро бо тахассуси “забон ва адабиёти тоҷик” ба итмом расонидааст. Ҳамин ихтисосаш ба ӯ имкон медиҳад матни баромадҳояшро худаш омода кунад. Вузарои дигар матнҳои омодашударо бо лакнат мехонанд. Ятимов дар радифи ҳимояи амнияти давлат рисолаҳо ҳам ҳимоя карда, академик шавад.  

Чеҳраи дӯстдоштаи васоити ахбори умум, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ соли 1998 Донишкадаи педагогии Маскавро ғоибона хатм кардааст. Тахассусаш муаллими физика ва астрономия. Бег Сабурӣ номзади илмҳои физикӣ аст.

Раҳбари ин колхоз, эъ, давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳам хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *