Вазири энерҷии Арабистони саудӣ мегӯяд кишвараш барои таъмин сӯхти нерӯгоҳи барқии ҳастаӣ, ғанисозӣ дар ду реакторро озмоиш хоҳад кард. Интизор меравад сохти ин нерӯгоҳҳо дар соли 2020 ба баррасӣ гирифта шавад аммо мушорикати амрикоиҳо осон нест.
Вазири энерҷии бузургтарин кишвари содиркунандаи нафти ҷаҳон мегӯяд, қасди Риёз аз ғанисозии уран, коҳиши вобастагӣ ба нафт ва гуногун кардани манобеъи таъмини энерҷӣ аст. Шоҳзода Абдулазиз ибни Салмон дар ҳошияи конфронси энерҷӣ дар Абудабӣ гуфт: “Мо ин гомро бо эҳтиёт бармедорем зеро ғанисозӣ марҳалаи ҳассосе дар чархаи сӯхти ҳастаӣ аст ва кишварҳои ғарбӣ ба далели эҳтимоли истифодаи низомӣ, ба он бисёр ҳассос ҳастанд.”
Абдулазиз ибни Салмон рӯзи душанбе, 9 сентябр эълом кард, ки кишвараш мехоҳад барномаи ҳастаии худро ба таври комил ва бо тавлид ва ғанисозии ураниум барои таъмини сӯхт пеш бибарад.
Хабаргузории Рейтерз менависад, интизор меравад муноқиса (ауксион) барои ҳузури ширкатҳои хориҷӣ дар ин барнома, дар соли 2020 анҷом шавад. Ширкатҳои амрикоӣ, русӣ, чинӣ, кореёӣ ва фаронсавӣ дар музокироти аввалияи марбут ба ин пружаи чандмиллиарддолларӣ ҳузур доштаанд.
Ҳудуди се соли қабл Арабистон хабар дода буд, ки амалиёти иктишофи ураниумро дар Устон Алҳоъил оғоз карда ва қасди сохтани 16 нерӯгоҳи ҳастаӣ дар 20 то 25 соли ояндаро дорад.
Ғанисозии уран барои Риёз, бисёр муҳим аст; Ба вижа пас аз он ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди саудӣ дар соли 2018 эълом кард, ки агар Эрони шиъӣ ҳақи тавсеъаи таслиҳоти атомиро дошта бошад, Риёз низ бояд аз чунин ҳаққе дар баробари рақиби минтақаии худаш бархӯрдор бошад. Баъд аз хурӯҷи якҷониба Амрико аз тавофуқ атомии соли 2015, Риёз аз барномаи “фишори ҳаддиаксарӣ” и Трамп алайҳи Эрон ҳимоят кард.
Мушорикати ширкатҳои амрикоӣ дар сохти реакторҳои ҳастаии Арабистон баъди имзои тавофуқномае байни Риёзу Вашингтон мабнӣ бар истифодаи сулҳомез аз фановарии атомӣ шурӯъ шудааст. Аммо мақомоти Саудӣ гуфтаанд зери бори имзои чизе намераванд, ки имкони ғанисозии уран ё бозёфти сӯхти масрафшударо аз онҳо бигирад.
Ҳам урани ғанишуда ва ҳам милаҳои сӯхти бозёфтшуда, масолеҳи билқувваи бомби атомӣ талаққӣ мешаванд. Моҳи марти 2019 хабаргузории Ройтерз бо истинод ба рӯнавишти як санад навишт, Рик Пери, вазиир энерҷии Амрико ба умеди қарордоди густурда дар заминаи энерҷи ҳастаӣ, муҷаввизи фурӯши ин фановарӣ ба Арабистони саудиро ба сурати махфиёна барои шаш ширкат содир кардааст.