Рубрики Хабарҳо

Мақомот аз кушта шудани 3 зиндонбон ва чанд маҳбус хабар доданд

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри байнияи расмӣ аз кушта шудани се нозири зиндони Ваҳдат ва захмӣ шудани чанд нафари дигар хабар доданд. Байни маҳусон ҳам шуморе кушта шудаанд.

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки шоми дирӯз соати 20:30 гурӯҳи 30 нафараи маҳбусоне, ки бо ҷурмӣ ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ зиндонӣ шудаанд “бо корд ва дигар ашёи тезу бурранда мусаллаҳ гардида”, ба нозирон ҳамла кардаанд. Корд ва дигар “ашёи тезу буранда” чӣ гуна дар зиндон пайдо шудааст, иттилоъ дода намешавад.

Ҳамчунин мақомот даъво кардаанд ҳангоми гуфтугғ байни худи ошӯбгарон задухӯрди мусаллоҳона сар задааст, ки хеле шубҳанок ба назар мерасад.

Вазорат ҳамчунин хабар додааст “ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст”. Аммо шумори кушташудагонро зикр накардааст.

Баёнияи Вазорати адлия ба шакли зер аст:

19-уми майи соли 2019, соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 30 нафар маҳбуси хатарнок, ки бо ҷурми алоқамандӣ бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, адои ҷазо менамоянд, бо корд ва дигар ашёи тезу бурранда мусаллаҳ гардида, 3 нафар нозирони муассисаро гаравгон гирифта, ба қатл расониданд ва мехостанд фирор намоянд. Онҳо шарт гузоштанд, ки аз маҳбас озод карда шаванд. Дар рафти гуфтушунид, байни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Маҳбусони ошӯбгар ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, боз чанд нафари онҳоро захмдор карданд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни замон, вазъият дар муассисаи мазкур муътадил буда, пурра таҳти назорат гирифта шудааст.

Аз тарафи мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи қазия идома  дорад. Натиҷаи он иловатан хабар дода мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *