Рубрики Хабарҳо

Манбаъ: Махсуми Саттор ва Эшони Қиёмиддинро сар буриданд, Зайд Саид аз дасташ захмӣ шудааст

Тарафдорони “Давлати исломӣ”, ки тибқи иттилоъи Вазорати адлия ба маҳбусони дигар ҳуҷум кардаанд, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович маъруф ба Махсуми Сатторро сар буридаанд. Дар ин бора манбаъи Паём иттилоъ дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ ин ду нафар бо иттиҳоми шиъагӣ аз тарафи доъишиён сар урида шудаанд. Онҳо ҳамчунин мехостаанд Зайд Саидовро низ ба қатл расонанд, аммо ба ӯ муяссар шудааст пинҳон шавад. Манбаъ мегӯяд Саидов аз дасташ захм бардоштааст.

Вазорати адлия аз кушта шудани 5 маҳбус аз тарафи доъишиён хабар додааст. Хабаргузории Спутник бо истиноб ба Мансур Умаров, зиндонбони рақами 1 шумори онҳоро 8 нафар мегӯяд. Номҳои танҳо Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур) эълон шудааст. 2 ё 5 нафари аз дасти доъишин кушташуда ва онҳое, ки дар амалиёти мақомот кушат шудаанд кистанд, ҳанӯз маълум нест.

Тибқи иттилоъи Вазорати адлия рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷроиҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд бетартибӣ ба амал омад.

“Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд” — хабар медиҳад манбаъ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *