Интизор меравад то охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ба кор шурӯъ кунад. Лоиҳаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радио таҳия намуда, бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст
Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, тарҳи ташкили ду шабакаи нав — «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро Кумитаи телевизион ва радио омода намуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Нуриддин Саид тавзеҳ дод»Ҷиҳати ташкили телевизиони «Илм ва табиат» тамоми оинномаву низомномаҳои ин муассиса таҳия шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст».
вай афзуд «Тарҳи боз як шабакаи телевизиони дигар бо номи «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» омода карда шуд, бо вазорати молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо бо вазорати фарҳанг, кумитаи сайёҳӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мувофиқа шуд».
Эҳтимол меравад, ки шабакаи «Илм ва табиат» ҳамин моҳ, баъди тасдиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумат ва шабакаи «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» то охири соли ҷарӣ ба фаъолият шурӯъ кунад.