Рубрики Хабарҳо

Филмҳо, таҳдидҳо ва тазоҳурот. Тоҷикистон чӣ гуна ба нишасти САҲА дар Варшава омода мешавад?

Нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава дар ҳоли ҳозир ягона майдон барои муборизаи рӯёрӯии ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифонаш боқӣ мемонад. Ҳарчанд дар аввалин бархӯрди ду тараф дар майдони САҲА ҷониби ҳукумат фирорро тарҷеҳ дод, мубориза дар ин майдон қатъ нашудааст. Акнун мухолифон ба майдон ҳозир мешаванд ва ҳукумат ба рақибонашу ба доварҳо аз дур таҳдид мекунад. Ва таҳдидҳо ҳам бештар аз забони дигарон садо медиҳад, на мустақиман аз худи ҳукумат.

ОБОН

Мақомот дар мубориза алайҳи мухолифинашон асосан донишҷӯён ва занҳоро истифода мекунанд. Донишҷӯён бо таҳдиди ихроҷ шудан ба ин маъракаҳо оварда мешаванд ва онҳоро бештар гурӯҳи мутааллиқ ба ВКД — Авангард раҳбарӣ мекунад.

Гурӯҳи махсуси занҳо, ки аз тарафи мақомот ба майдонҳо кашида мешаванд, ё корманди ягон идораи ҳукуматӣ ҳастанд, ки бо ваъдаи кӯмаки молӣ ба майдон бурда мешаванд ва ё занҳои велгарде, ки дар қайди мақомоти интизомӣ қарор доранд ва маҷбуранд ҳар супориши онҳоро иҷро кунанд.

Ин занҳоро кормбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ОБОН меноманд, ки аз ОМОН гирифта шудааст — Отряд баб особого назначения (гурӯҳи занҳои таъиноти махсус).

Ба ин гурӯҳи занҳо мақомот гоҳе онҳоеро, ки фарзандонашон дар боздошт қарор доранд, ба таҳдид ва ё ваъдаи сабукӣ ба фарзандонашон ҳамроҳ мекунанд.  

Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов, ки дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ муттаҳам мешавад, таҳдид кардааст, ки худашро назди намояндагии САҲА дар Душанбе оташ хоҳад зад.  Дар номае, ки аз номи ӯ расонаӣ шуд,

Шодмонова мегӯяд “Ҳусейн маҳз бо супориши Муҳиддин Кабирӣ амалиёти террористӣ анҷом додааст”. Ва таъкид мекунад, ки то закмоне зинда аст, муқобили Кабирӣ мубориза хоҳад бурд.  

Ҳамчунин ӯ талаб мекунад намояндагии САҲА дар Душанбе баста шавад, чун “онҳо ҳомиёни террористон ҳастанд”.

“Тазоҳурот” дар Тоҷикистони “демократӣ”

Чуноне ки қаблан Паём итилоъ дода буд,  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гурӯҳи калони донишҷӯёнро барои тазоҳурот дар назди бинои намояндагии САҲА дар Душанбе омода мекунад. Ин тазоҳурот замоне оғоз хоҳад шуд, ки ба намояндагони ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф дар нишасти САҲА сухан дода шавад.  

Инак иттилоъи бештаре расидааст: “Тазоҳурот” қарор аст назди намояндагиҳои САҲА дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар роҳандозӣ шуда, дар он аксҳои мухолифин сӯзонида шавад. Ҳамчунин қарор аст аз тарафи “тазоҳургарон” ба идораи САҲА сангпартоӣ шуда, ба Тоҷикистон супоридани сардорони гурӯҳҳои мухолиф талаб карда шавад.

ВКД & КДАМ филм продакшн

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба филмбардорӣ дар бораи “ҷиноятҳои ҲНИТ” ҳам идома медиҳанд. Сюжети ин филмҳо ҳеҷ чизи наве надоранд, бинобар ин ба шарҳи онҳо намепардозем.

ВКД ва КДАМ ба ҳайси қаҳрамони филмҳояш ҳам аъзои ҲНИТ ва ҳам нафарони маҷҳулро интихоб мекунанд. Дар ҳар филм мекӯшанд пои Эрон ҳам ба майдон кашида шавад ва чун кишвари ҳомии “террористон” ва маблағгузорӣ баташаннуҷории вазъ дар Тоҷикистон аз он ёд шавад. Дар охири ҳар филм қаҳрамонони асосии он аз аъзову ҷонибдорони ҳизб даъват мекунанд, ки дар нишасти Варшава ширкат накунанд.

Филмбардорӣ барои ВКД ва КДАМ кори нав нест. Қаблан ҳам онҳо бо истифода аз наворбардорҳои махфӣ ва истифода аз занҳои сабукпо филмҳои порнографӣ сабт ва паҳн мекарданд. Новобаста аз ин ки қаҳрамони навор кӣ аст, ҳатман аз ӯ чун узви ҲНИТ ёд мешуд.

Гирёнчак

Гиряву нола ва шикояти мақомот аз САҲА дар ҳолест, ки расман Варшава ба ин нишаст касеро даъват намекунад. Намояндагони ташкилоти ғайридавлатӣ ва мақомоти расмиро намояндагиҳои САҲА даъват мекунанд. Дигарон метавонанд худро ба қайд монанд ва дар нишаст озодона ширкат кунанд. Яке аз ҳадафҳои нишаст ҳам ин аст, ки майдоне барои гуфтугӯ байни мақомоти давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва мухолифин дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварашон фароҳам карда шавад.  

Аммо соли 2016 намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо дидани аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар гурғҳҳои мухолиф дар ҷаласа, “бо нишони эътироз” онро тарк карданд. Дар асл эътироз танҳо баҳона буд. Намояндагони ҳукумат натавонистанд ба суолҳои мухолифин дар ҷаласа посух гӯянд.

Соли дуввум аст, ки Тоҷикистони расмӣ аз иштирок дар нишасти САҲА худдорӣ мекунад ва таҳдид менамояд, ки намояндагии САҲА дар Тоҷикистонро хоҳад баст. Имсол хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон “Ховар” навишт, ки САҲА ба “шаҳри бедарвоза” табдил шудааст ва имкон дорад намояндагии он дар Тоҷикистон баста шавад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *