“Тоҷикистон барои тақвияти мавқеъ дар бозори ҷаҳонӣ тамоми имкониятро дорост”. Зери чунин сарлавҳаи дабдабаноке хабаргузории давлатии “Ховар” “пешгӯии” сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Малика Ёрбобоеваро овардааст.
Тавре хонум Ёрбобоева қайд кардааст, “ифтитоҳи корхонаҳои нав ва навсозию таҷдиди корхонаҳои мавҷуда имкон дод, ки содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёбад”.
Малика Ёрбобоева таъкид карддаст, ки Тоҷикистон ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон риштаи пахтагӣ, матоъ, либоси тайёр ва ҳамчунин маҳсулоти пашмин содир мекунад.
Тавре сардори Раёсати саноати сабук таъкид мекунад, “ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук соли 2021 ба 4,1 миллиард сомонӣ баробар” шудааст.
Дар кишваре, ки се маротиба маъракаи базурги саноатикунонӣ эълон кардааст ва дар ду соли охир “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025″ дар ҳоли амалӣ шудан аст, истеҳсолот дар соҳаи саноати сабук баробар ба 4,1 миллиард сомонӣ, яъне ҳудуди 400 миллион доллар шудааст. Ин ҳаҷми истеҳсолот баробари истеҳсолоти ширкати миёнаҳоле дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Истеҳсоли бузургтарин ширкатҳои соҳаи саноати сабук бошад, садҳо маротиба бештар аз тамоми Тоҷикистон аст.
Барои мисол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширкати олмонии Adidas соли 2021 ба 25,12 миллиард доллар, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширкати амрикоии Nike бошад, ба 47,53 миллиард доллар баробар шудааст. Яъне ширкати олмонии Adidas нисбат ба тамоми мазҳсулоти саноати сабуки як кишвар, яъне Тоҷикистон 62 маротиба, Nike бошад, 118 маротиба бештар ба савдо баровардааст. Истеҳсолоти Тоҷикистон бо ягон кишвари дигар муқоисашаванда ҳам нест. Маълум нест, бо чунин нишондиҳандаҳо чӣ гуна кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро метавонад “тақвият” диҳад.
Тавре сардори Раёсати саноати сабук такъид кардааст, “омили бунёдии рушди саноати сабуки кишвар мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ – нахи пахта мебошад, ки истеҳсоли он дар як сол аз 100 то 120 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад”.
Агар мавҷудияти пахта омили бунёдии рушди саноати сабуки кишвар бошад, пас ин соҳаро ояндаи торике интизор аст, зеро истеҳсоли пахта дар кишвар сол аз сол поён мераваду ягон чораи назаррасе барои ислоҳи ин ҳолат аз тарафи ҳукумат роҳандозӣ намешавад. Деҳқонон ягон ҳавасмандие барои истеҳсоли пахта надоранд, зеро ин соҳа аз тарафи шахсиятҳо ва ширкатҳои ба Оила наздик монополия карда шудааст. Деҳқон дар ҳеҷ ҳолат наметавонад пахтаи истеҳсолкардаи худро ба нархи бозор ба фурӯш гузорад, зеро ҳамаи нуқтаҳои қабули пахта монополӣ шудаанд ва ҳар нархеро дилашон хоҳад, барои пахта муайян мекунанд. Дар натиҷа, деҳқонон беш аз пеш аз кишти пахта даст кашида, ба кишти маҳсулоти полезии дигар рӯй меоранд.
Сониян, он миқдор пахтае, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, яъне, ба қавли сардори Раёсати саноати сабук, “дар як сол аз 100 то 120 ҳазор тонна”, дар бозори ҷаҳонӣ миқдори хеле кам аст, ки ҳатто талаботи дохилиро наметавонад қонеъ гардонад. Вале азбаски пахта дар дохили кишвар тақрибан коркард намешавад, кишвар маҷбур аст онро содир намояд.
Солона дар ҷаҳон 26,17 миллион тонна пахта истеҳсол мешавад. Бузургтарин истеҳсолкунандагони ҷаҳон Ҳинд (6,19 млн тонна), Чин, (6,18 млн тонна), Амрико (3,59 млн тонна), Покистон (2,37 млн тонна), Бразилия (1,4 млн тонна) ва Ӯзбекисон (1,1 млн тонна) мебошанд. Ин шаш кишвар бузургтарин бозингарони ҷаҳон дар соҳаи истеҳсоли пахта ба ҳисоб мераванд, ки дар умум 60 дарсади пахтаи ҷаҳонро истеҳсол мекунанд. Истеҳсолоти Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ 0,48 дарсади ин ҳаҷм, яъне баробари камтар аз ним дарсади ҳаҷми ҷаҳонӣ мебошад. Бо чунин нишондиҳанда кишвар имкон надорад дар сатҳи бозори ҷаҳонӣ сухане барои гуфтан дошта бошад.
Сардори Раёсати саноати сабук дар мавриди брендҳои саноати сабуки тоҷикӣ қайд кардааст, ки “махсулоти якчанд корхонаҳои саноати дӯзандагии мамлакат низ дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи сазовор” пайдо кардааст. Ба қавли ӯ, аз кишвар бештар шимҳои ҷинси мардонаю бачагона, куртаҳо, трикотаж, либосҳои варзишӣ содирот мегарданд. Ба гуфти Ёрбобоева, “ҳаҷми содироти дӯзандагӣ соли 2021 18,8 миллион доллар” ташкил додааст.
Ширкати калоне, ки ба истеҳсол ва содироти шимҳои ҷинси мардонаю бачагона машғул ҳаст, чун “Carrera Jeans”, ки дар асоси корхонаи “Ҷавонӣ” дар Хуҷанд фаъолият мебарад, дар ҷаҳон машҳур аст, вале онро бренди тоҷикӣ номидан хатои бузургест. Соҳиби ин бренд ширкати аврупоӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон истеҳсолот дорад ва расман содирот ҳам мекунад, вале саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар он баробари сифр аст.
Дигар брендҳои саноати сабуки тоҷикӣ бошанд, ҳоло ҳатто дар бозори дохилии кишвар ном бароварда натавонистаанд, зеро қудрати бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат карданро надоранд.