Рубрики Хабарҳо

Қирғизҳо мехоҳанд замини Тоҷикистонро азхуд кунанд

Сокинони деҳаи Қаробоғи ноҳияи Баткони Қирғизистон, ки дирӯз бо ҳимояи сарҳадбонони қирғиз вориди заминҳои Тоҷикистон шуда буданд, баъди дахолати марзбонони тоҷик хоки кишварро тарк кардаанд. Дар ин бора Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара хабар додааст.

Тешаев гуфтааст ҳадафи қирғизҳо азхудкунии заминҳои Тоҷикистон дар манотиқи хатгузоринашуда мебошад. Ӯ гуфтааст чунин ҳодисаҳо тез тез рух медиҳанд. “10 рӯз қабл низ гурӯҳи 6 нафараи бо яроқ мусаллаҳи сарҳадбонони қирғиз марзро убур карда будаанд” — тасрезҳ кардааст сухангӯи раиси Исфара. .

Ҳамчунин тибқи гуфтаи Тешаев ҷуғрофиёи баҳсҳои сарҳадӣ васеътар гаштааст: “Агар қаблан қонуншиканиҳо ва амалҳои иғвогарона дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткон бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳаҳои Ортобозу Коктоши ноҳияи Боткон бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ зиёд рух медоданд, пас вақтҳои ахир ин гунна амалу ҳаракатҳои иғвогарона деҳаҳои наздисарҳадии Ҷамоатҳои деҳоти Лаккон ва Чилгазиро низ фаро гирифтааст”.

Сухангӯи раиси шаҳри Исфара аз сохтмони манзилҳо дар манотиқи баҳснок аз тарафи қирғизҳо низ хабар медиҳад; Аз ҷумла, аз тарафи сокинони деҳаи Чонталааи ноҳияи Боткон то ҳол корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар минтақаҳои делимитатсиянашудаи сарҳади давлатӣ идома ёфта истодааст”.

“Ҳамин зайл, сокинони ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти ҳимояти мақомоти қудратии ин кишвар бо ҳаракатҳои иғвогаронаи худ ба кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия монеа эҷод мекунанд” — иттилоъ медиҳад Тешаев.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *