Ба парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи тафтиши субъектҳои хоҷагидор” пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он ду ниҳоди нави тафтишгар таъсис дода хоҳад шуд. Аз ҳисоби баҳамории 7 ниҳоди дигар, ки номашонро кам касон шунида буданд.
Ин ду ниҳоди нав Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ном хоҳанд дошт.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар пояҳои Хадамоти давлатии назорати байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантинӣ, Хадамоти давлатии назорати парвариш ва Бозрасии давлатии тухмиҳо ва ниҳолҳо таъсис ёфтааст. Ҳамаи ин ниҳодҳо қаблан дар Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекарданд.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бошад бошад бо роҳи баҳамории Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ сохта шудааст.
Фаррух Ҳамрализода, сардори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки ин тарҳро дар парлумон муаррифӣ мекард гуфт, дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти соҳаи тафтиши субъектҳои хоҷагидорӣ, қаблан ба ҷои ду ниҳоди Вазорати нақлиёт Агентии авиатсияи гражданӣ таъсис шуда буд.
Тибқи гуфтаи ӯ, ин чораҳои андешидашуда боис шуданд маблағи буҷа сарфа гардида, шумори тафтишкунандаҳои соҳа аз 386 ба 279 нафар поён бурда шавад. Дар натиҷа шумори умумии тафтишҳои ин ниҳодҳо аз 78,7 ҳазор дар соли 2016 ба 39,2 ҳазор дар соли 2018 поён рафтааст.
Ҳамрализода гуфт, ки бо қабули тағйироти нав, шумори умумии ниҳодҳои тафтишкунандаи давлатӣ то 25 адад кам мешавад.