Ҳеҷ кадом дине ба мисли ислом он қадар амиқ ба тарбияи виҷдону, покизасозии ахлоқи инсоният ва ҳимояти оилаву хонадон аҳмият надодааст. Дини Ислом тамоми ҷонибҳои оиларо аз кӯчактарин чизҳо, аз ғусл кардану хӯрок хурдан шурӯъ намуда, то қарз додану муомилаҳои муҳимро дарбар мегирад.
Хона барои ҳар як оила қалъаи ҳимоят ва макони амну ҳифозат мебошад. Ҳар як хонадон дар худ қавонину шурутҳои худро доранд. Барои ҳифзи хонадони мусалмон Парвардигори Оламиён якчанд қавонин гузоштааст, ки бо риоя намудани ин қоидаҳои Илоҳӣ хонаи мусалмон ба авҷи саодату покизагии виҷдон мерасад. Кӯдакон бо ахлоқи ҳамидаи раббони ба воя мерасанд, бузургон бошад соҳиби эҳтирому виқор мешаванд.
Аз мақсадҳои асосии Ислом ин аст, ки кӯдак бо виҷдони беолоишу афкори пок ба воя расад. Дорои зеҳни софу беолоиш бошад. Бо дидани баъзе манзараҳои ҳаёшикан кӯдак нохоста баъзе ахлоқҳои бадро касб мекунад, дониставу надониста тақлиди бузургон мекунад.
Барои он ки кӯдакон бо волотарин қуллаи одобу покизагӣ расанд, Аллоҳ амр мекунад, то дар даруни хона баъзе қоидаҳои асосӣ риоя гардад. Аз муҳимтарини ин қоидаҳо иҷозат пурсидан ҳангоми дохил шудан ба утоқи бузургон, махсусан волидон мебошад.
Аллоҳ дар Қуръон дар сураи Нур мегӯяд:
يا ايها الذين امنوا ليستأذنكم الذين ملكت ايمانكم و الذين لم يبلغوا الحلم منكم ثلاث مرات من قبل صلاة الفجر و حين تضعون ثيابكم من الظهيرة و من بعد صلاة العشاء ثلاث عورات لكم ليس عليكم و لا عليهم جناح بعدهن طوافون عليكم بعضكم على بعض كذالك يبين الله لكم الايات و الله عليم حكيم و اذا بلغ الاطفال منكم الحلم فليستأذنوا كما استأذن الذين من قبلهم كذلك يبين الله لكم اياته و الله عليم حكيم
Эй касоне, ки имон овардаед, ходимони шумо ва кӯдакони ба балоғат нарасидаатон, бояд пеш аз дохил шудан ба утоқи шумо аввал иҷозат пурсанд. Дар ин се вақт иҷозат напурсида ба утоқи шумо дохил нашаванд. Саҳарии барвақт, пеш аз намози бомдод, ҳангоми нисфирӯзӣ, ки одатан аз гарми либосҳоятонро берун карда хоб мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт одатан шумо бо либосҳои тунук ва ё дар ҳолате хоб мекунед, ки дидани шумо бо ин ҳолат ба фарзандон хуб нест. Ба ҷуз ин се вақт, саҳарӣ, нисфирӯзӣ, ва ҳангоми шаб даромадани кӯдакону ходимон ба наздатон беиҷозат ҷоиз аст, бигзор бо муҳаббату маваддат дар атрофи ҳамдигар давр занеду бо ҳам бошед. Ҳамин тавар Аллоҳ қонунҳояшро ба шумо баён мекунад ва Аллоҳ дар гузоштани қонунҳо ҳаким аст ва аз аҳволи шумо алиму бо хабар мебошад.
Вақте кӯдаконатон бузург мегарданд, ба балоғат мерасанд, на танҳо дар ин се вақт балки ҳамеша ба назди шумо ва инчунин шахсони дигар танҳо бо иҷозат дохил шаванд, пеш аз ба утоқи касе даромадан ва ё ба хонаи касе дохил шудан, ҳатман аввал иҷозат пурсанд, ҳамин гуна Аллоҳ оятҳояшро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ ҳакиму доно мебошад. (Сураи Нур 58,59)
Аз рӯи ин оят бояд кӯдакон дар се вақт беиҷозат ба утоқи бузургон дохил нашаванд.
Саҳарӣ, пеш аз намози бомдод, ки инсон одатан хоб аст.
Ҳангоми нисфирӯзӣ, ки вақти истироҳат аст, ва дар гармиҳои тобистон одатан инсон бо либоси тунук хоб мекунад.
Баъд аз намози хуфтан, ки вақти хоб аст ва вақти хилвати волидон мебошад.
Дар ин се ҳангом одатан бузургон хоб мекунанд ва ё вақти хилвати волидон мебошад.
То ин, ки кӯдак бо тасаввуроти пок ва дили соф бузург гардад, Аллоҳ амр мекунад то кӯдакон пеш аз ба утоқи бузургон дохил шудан аввал иҷозат пурсанд.
Инчунин дар давоми оят Аллоҳ амр мекунад то фарзандони бузург гашта ҳамеша ба утоқи волидон бо иҷозат дохил шаванд.
Аллоҳи алиму хабир медонад, ки дар ҳолатҳои ногаҳонӣ дидани волидон, дар манзараҳои хиҷолати мушоҳида кардани бузургон, ба ахлоқи кӯдак зарар дорад. Дохил шудани фарзандон пас аз бузург гаштан ба таври ногаҳонӣ ба назди волидон сабаби хиҷолат гаштани волидону тасаввури бад пайдокардани фарзандон мегардад.
Дар ҳадиси шариф омадааст, ки ҷавоне аз Паёмбар пурсид:
Оё ба назди модарам ҳам танҳо бо иҷозат дохил шавам?
Паёмбар мегӯянд: Оре ба назди модарат ҳам танҳо боиҷозат дохил шав, ту ки намехоҳӣ модаратро дар ҳолати бараҳнагӣ бубинӣ.
Маънои ҳадис ин аст, ки шояд ту беиҷозат якбора ба утоқи модарат дохилшавӣ бехабар аз он, ки шояд модарат либос иваз кардани бошад.
Ягона зану шавҳар метавонанд ба назди ҳамдигар беиҷозат дохил гарданд. Аммо ҳамин тавр бошад ҳам саҳобагони Паёмбар, ҳатто ба назди ҳамсаронашон аввал иҷозат пурсида, баъд дохил мешуданд.
Зайнаб ҳамсари Абдуллоҳ ибни Масъуд саҳобии киром мегӯяд:
Шавҳарам Абдуллоҳ пеш аз он, ки ба наздам дохил шавад, ҳанӯз надаромад, аввал сулфа мекард ва ё садояшро мебаровард, то ман аз омаданаш бохабар бошам ва дар ҳолатҳое, ки дӯст намедорам касе маро бубинад, шавҳарам ба наздам дохил нашавад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам вақте аз сафар бар мегаштанд, ҳанӯз ба Мадина нарасида якеро пешопеш мефиристоданд, то ҳамсаронашонро аз омадани Паёмбар хабар диҳад.
Ин одоби бузургу фарҳанги зебои дини Ислом аст, ки хелеҳо беаҳмиятӣ мекунанд, аҷибаш он аст, ки ин ахлоқу фарҳанги моро ғарб комилан риоя мекунад, мо бошем бо вуҷуди он, ки дар китоби Қуръонамон ин амр вуҷуд дорад, нодида мегирем.
Қуръони карим на танҳо бо иҷозат ба утоқи ҳамдигар даромаданро зикр кардааст, балки дар оятҳои дигар чигуна ба хонаи дигарон дохил шудану чигуна иҷозатхоҳӣ аз соҳиби хонаро низ ба мо таълим медиҳад.
Аллоҳ дар Қуръон мегӯяд:
يا ايها الذين امنوا لا تدخلوا بيتا غير بيوتكم حتى تستأنسوأ و تسلموا على اهلها ذلكم خير لكم لعلكم تذكرون
Эй касоне, ки имон овардаед ба ҷуз хонаи худ, ба хонаҳои дигарон дохил нашавед, магар ин, ки пеш аз дохил шудан иҷозат пурсед ва аз дохил шудани худатон ба аҳли хонавода дарак диҳед, инчунин ба аҳли хона салом надода дохил нашавед. Риоят кардани ин қоидаҳо барои шуму беҳтару хубтар аст ва шояд шумо аз шунидани ин оятҳои ҳакимона панд гиред.(Сураи Нур ояти 27)
Ин се одоби дохил шудан ба хонаи дигаронро Аллоҳ ба бандагонаш таълим медиҳад.
Пеш аз дохил шудан ба хонаи касе хоҳ хонаи ёру дӯст бошад, хоҳ хонаи хешованду наздикон, аввал бояд аз аҳли хона иҷозат пурсем.
Чигуна иҷозат пурсиданро паёмбар дар ҳадиси худ баён карда мегӯянд. Бояд се маротиба иҷозат пурсида шавад, агар се маротиба иҷозат пурсидему касе иҷозаи дохил шуданро надод ва ё касе аслан ҷавоб надод, бояд дар дами дар наистода баргардем.
Дуввум баъд аз иҷозат пурсидан аз даромадани худ аҳли хонаро огоҳ кунем, бо сулфа задан ва ё тасбеҳ гуфтан, то аҳли хонавода барои пешвози меҳмон омода бошанд.
Сеюм ба маҳзи даромадан ба хона ба аҳли хонавода салом диҳем, ки аз бузургтарин ахлоқи мусалмон, салом додан мебошад.
Худро бо амал кардани гуфтаҳои Қуръону Суннати Паёмбар зебу зиннат диҳед, касе, ки ба гуфтаҳои Аллоҳу Расулаш чанг мезанад, ҳаргиз пушаймону гумроҳ намегардад. Ҳикмату ахлоқ, сафову самимият ҳама дар қалби шахсоне сукунат доранд, ки соҳибонашон гуфтаи Аллоҳу Расулро иҷро мекунанд.
Муслимаи Аҳмадӣ