Рубрики Хабарҳо

Парвоз байни Душанбе ва Машҳад аз сар гирифта мешавад

Хатсайри ҳавоии рафту омади Машҳад-Душанбе аз 6 –уми июни соли ҷорӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин бора радиои Садои Хуросон хабар додааст,

Тибқи гузориши манбаъ Абдурризо Муҳаммадӣ, масъули намояндагии Сафорати Тоҷикистон дар Машҳад, парвози Машҳад – Душанберо ширкати ҳавопаймоии эронии “Вореш” бар уҳда хоҳад дошт ва торихи эъломшудаи оғози парвозҳо аз 6 –уми июн қатъӣ шудааст.

Қимати ҳудудии билети рафту баргашти парвози масири ҳавоии Машҳад-Душанбе 2500 сомонӣ муодили 250$ ва масири яктарафа, яъне танҳо рафт ё баргашт ҳудудан 1700 сомонӣ муодили 170$ аст.

Манбаъи хабар мегӯяд,  иҷозаи парвози ҳавоӣ аз сӯйи Эрон ва Тоҷикистон содир шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳои Тоҷикистон ва Эрон иҷозаи фуруши билетро низ содир кардаанд. Дафтари фурӯши билетҳо дар Машҳад, воқеъ дар хиёбони Дастғайби 4 ва 6 аст. Дафтари фурӯши билетҳо дар Душанбе дар хиёбони Лоҳутӣ, воқеъ дар маркази тиҷории “Ашан” аст.   

Қаблан ду ширкати эронӣ ва тоҷикистонӣ дар масирҳои Душанбе-Теҳрон ва баръакс ва Машҳад-Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медоданд. Парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” беш аз панҷ моҳ аст, ки дар масири Душанбе – Теҳрон қатъ шудааст. “Тоҷик Эйр” аз авохири декабри соли 2018 парвозҳояш дар масири Теҳронро қатъ карда буд.

Қаблан ширкати эронии “Осмон Эйр” низ аз Машҳад ба Душанбе парвоз анҷом медод, ки аз ҳудуди 8 моҳи пеш ин парвозҳо қатъ шудаанд. Охирин парвози ширкати “Осмон Эйр” дар тарихи 20 –уми сентябри соли 2018 анҷом шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *