Рубрики Хабарҳо

Бо бохт ба Аргентина, Тоҷикистон аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар бозии севумаш дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия аз мунтахаби наврасони Аргентина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи “Е” 3-юми ноябр соати 17:00 бо вақти Бразилия (4-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», доир гардид.

Дар ин бозӣ Франко Ороско ду гол зад. Ӯ дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 38-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувумро ин бозигари моҳири аргентинӣ дар нимаи дувум, дар дақиқаи 78-ум, ба самар расонид. Голи севуми мунтахаби Аргентина ба Матиас Годой марбут аст, ки дар дақиқаи 89-ум муваффақ шуд.

Голи ягонаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Рустам Соиров дар дақиқаи 81-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “Е” мунтахаби наврасони Испания бар мунтахаби наврасони Камерун бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд.

Баъди натиҷагирии даври севум дар гурӯҳи “Е” дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина 7-имтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Испания ҷойи аввал ва мунтахаби Аргентина ҷойи дувумро касб намуда, ба ҳаштякфинал баромаданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки натавонист ба даври ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия роҳ пайдо кунад, бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ба ҳаштякфинал баромада буд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия ва Ангола (гурӯҳи А), Нигерия ва Эквадор (гурӯҳи В), Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи С), Ҷопон ва Сенегал (гурӯҳи D), Испания ва Аргентина (гурӯҳи Е), Парагвай ва Италия (гурӯҳи F) ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Ичунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севуми гурӯҳҳо – Мексика, (гурӯҳи F), Австралия (гурӯҳи В), Нидерланд (гурӯҳи D) ва Чили (гурӯҳи С) – ба ҳаштякфинал баромаданд.

Нарзуллоҳи Латиф

“Озодӣ”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *