Вашингтон пост: Раҳмон роҳнамоҳои муосири диктаториро хуб омӯхтааст
Яке аз маъруфтарину таъсиргузортарин расонаҳои ҷаҳон аз шеваи ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо шиддат интиқод кардааст. Матлаб асосан ба монеъагузорӣ ба фаъолияти рӯзноманигорони “Радиои Озодӣ” бахшида шудааст, аммо ишораҳое ҳам дорад, ки дар оянда ин рӯзнома метавонад таҳқиқоте дар бораи хушутаборбозӣ дар ҳукумати Раҳмон нашр кунад
Аз ҷумла дар мақолаи “Вашингтон пост” омадааст: Дар хешутаборбозии ҷаноби Раҳмон метавон мавзӯъҳои зиёде барои инъикос пайдо кард; ӯ 9 фарзанд дорад, ки аксараш, мисли дигар хешовандони раисҷумҳур барои худ мансабҳои розату пурдаромад дар идораҳое, чун Бонки миллӣ ба даст овардаанд.
Рӯзномаи “Вашингтон пост” то ҳаде пурнуфуз аст, ки метавонад дар тасмимгирии на танҳо ҳукумати ИМА, балки бештари кишварҳои ҷаҳон низ таъсир гузорад. Нашри чунин мақолаи дар ВП-ро дар остонаи сафари Раҳмон ба Аврупо таҳлилгарон ба фоли бад гирифтаанд. Ба раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба Аврупо метавонанд аз мӯҳтавои ин мақола низ суол диҳанд.
Аз тарафи дигар нашри ин мақола дар арафиа сафари ӯ метавонад барои хабарнигорони Радиои Озодӣ нафъовар бошад: имкони зиёд вуҷуд дорад, ки барои камтар крадани фишор зимни сафараш, Эмомалӣ Раҳмон амр кунад ба ҳамаи хабарнигорони РО иҷозаи фаъолият дода шавад.
Матни пурраи мақолаи “Вашингтон пост” ба шакли зер аст:
Дар Тоҷикистон унвони расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ибораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат “-ро низ дар бар мегирад.
Ӯ озодона аъзои оилаи бузургашро ба мақомҳои баланд таъйин мекунад, вале зоҳиран аз ин ки мардум аз ин хабар меёбанд, асабӣ мешавад. Дар соли 2016 ӯ иҷозатномаи фаъолияти кормандони Радиои Озодӣ, бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бозхонд. Барои нашри хабари дар вазорати корҳои хориҷӣ мансаб гирифтани як духтараш. Вазорат ин хабарро дар сомонаи худаш нашр кард, вале президентро зоҳиран дар сомонаи хабарии пурхонанда пайдо шудани ин хабар ба қаҳр овард.
Дар ниҳоят он вақт иҷозатномаҳои фаъолияти хабарнигоронро баргардонданд. Радиои Озодӣ бо 21 миллион матлаби мутолиашуда дар сомонааш ва беш аз 200 миллион тамошобин дар Ютуб ва як миқдор барномаи радиоӣ як манбаи муҳими иттилоъ дар Тоҷикистон, як кишвари собиқ шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ҳоло президент бори дигар ба иҷозатномаҳои фаъолияти корманди он таҳдид мекунад. Бино ба маълумоти бахши тоҷикӣ, 9 журналист ва корманди фаннии Радиои Озодӣ аз ҳаққи фаъолият маҳрум карда шудаанд, чунки онҳо наметавонанд аз вазорати корҳои хориҷӣ иҷозатнома (аккредитатсия) бигиранд. Се нафари онҳо кормандони нав буда, шаш тани дигар мунтазири тамдиди замони иҷозатномаҳои солонаашон мебошанд. Рӯзи ҷумъа барои вазорати хориҷа рӯзи охирин аст, ки иҷозатномаи 9 корманди дигарро тамдид кунад.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин моҳи август дар нишасти хабариаш гуфт, «мо ҳеҷ вақт ин радиоро намебандем, аммо он кормандони Радиои Озодиро, ки мақолаҳояшон кам-кам ҳам бошад зиён ба сиёсати имрӯзаи давлат дорад, шояд сабти ном накунем.» Чунин ба назар мерасад, ки ҷаноби Раҳмон роҳнамоҳои муосири диктаториро омӯхтааст: беҳтар ин аст, ки воситаи ахбори омма пурра баста нашавад, чунки ин метавонад сабаби эътирозҳо шавад, балки ҳалқаро барои кормандонаш танг бояд кард.
Тарсондан як имтиҳони сахте барои журналистон аст, вале ба аҳолии Тоҷикистон низ асобат мекунад. Ин мардум манбаъҳои хеле ками мустақили хабарӣ доранд, ки ба мисли Радиои Озодӣ иттилоеро, ки аз чорчӯби воситаҳои ахбори омми қадимаи таҳти назорати пурраи давлат берун пой гузошта тавонад. Тозатарин чунин хабарҳо масоили доғе, ба мисли маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдан, кӯшиши тарсондани дигарандешон дар хориҷи кишвар бо ҳамроҳ кардани онҳо ба рӯйхатти террористон ва ташкили фабрикаҳои троллҳои интернетӣ бо мақсади таъқиди мунтақидони президентро дар бар мегирифт.
Дар хешутаборбозии ҷаноби Раҳмон метавон мавзӯъҳои зиёде барои инъикос пайдо кард; ӯ 9 фарзанд дорад, ки аксараш, мисли дигар хешовандони президент барои худ мансабҳои розату пурдаромад дар идораҳое, чун Бонки миллӣ ба даст овардаанд. Президент, тавре ба назар мерасад, писари худашро, ки ҳоло шаҳрдори пойтахт, шаҳри Душанбест, ҳамчун вориси худ тайёр карда истодааст. Президент озодии суханро саркӯб мекунад, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарии пурхонандаро мебандад, онҳоеро, ки ба танқиди ӯ ҷуръат мекунанд, ба зиндон меандозад ва дигарандешонро дар хориҷ ҳам таъқиб мекунад.
Ӯ бояд номаҳоеро, ки ахиран ба вай аъзои Конгресс, маблағгузори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ фиристодаанд, бо диққат мутолиа кунад. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки рад кардани иҷозати кор барои кормандони Радиои Озодӣ метавонад кумакҳои амниятии Амрико ба Тоҷикистонро, ки дар соли молиявии 2019 33 миллион долларо ташкил дод, таҳти таҳдид қарор бидиҳанд. Ҷаноби Раҳмон хирадмандӣ нишон медод, агар ҳамин ҳоло иҷозатномаҳои кори кормандони Озодиро медод. Ин барои мардумаш ҳам хуб буд.