Вазири умури хориҷаи Арабистон мегӯяд муттаҳамин ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии кишвараш дар Истамбулро ба додгоҳи расидагӣ ба ин парванда дар Туркия таҳвил дода нахоҳанд шуд.
Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ дар нишасти расонаӣ баъд аз поёни 39-мин иҷлоси Шӯрои ҳамкории халиҷ дар Риёз бо ишора ба ҳукми боздошти чанд шаҳрванди ин кишвар дар додгоҳи расидагӣ ба ҷинояти Хошуқҷӣ дар Истамбул изҳор дошт: муттаҳамин ба Туркия дода нахоҳанд шуд.
Вай бо баёни ин ки Арабистон аз ҳар гуна далеле, ки ба раванди таҳқиқот кӯмак кунад истиқбол мекунад, гуфт: муттаҳамин муҳокима хоҳанд шуд. Дар хусуси мавзӯъоти ҳуқуқӣ назар намедиҳам. Додситони кулл сухангӯи худро дорад.
Ал-Ҷубайр афзуд: Арабистон ҳеҷ чизро махфӣ накарда ва монанди таҳқиқот дар ҷиноёти дигар иттилооти бадастомадаро эълом хоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Арабистон ҳамчунин бо ишора ба буҳрони Халиҷ тасреҳ кард: бародарони қатарӣ медонанд барои бозгашт ба унвони узви фаъол ба Шӯрои ҳамкории Халиҷ аз онон чӣ интизори меравад.
Сивунӯҳумин даври нишасти сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷ ба раҳбарии Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар Риёз баргузор шуд.
Дар ҳамин ҳол Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар, Султон Қобӯс ибни Саид подшоҳ Уммон ва Шайх халифа ибни Зоид оли Наҳён, раиси Амороти муттаҳидаи арабӣ дар ин иҷлос ҳузур надоранд. Ин иҷлос дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити бархе кишварҳои арабӣ бо Қатар тира аст.
Гуфтанист, буҳрон миёни Қатар ва бархе кишварҳои арабӣ аз панҷуми июни 2017 бо қатъи комил равобити дипломатики Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Баҳрайн бо ин кишвар оғоз шуд.
Ин чаҳор кишвар ҳамчунин бо таҳрими Қатар як дархости 13 моддаӣ аз ҷумла бастани шабакаи телевизионии Алҷазираро барои бозгашти равобит ба ҳолати оддӣ эълом карданд.
Доха ин иқдом ва хостаҳоро нақзи қавонини байналамиллалӣ ва ғайри қобили қабул хондааст.