Волидайни як сарбоз дар Тоҷикистон арз кардаанд, ки пас аз ним моҳи даъват ба артиш фарзандашон “аз гап задан мондааст” ва дар ҳолати вазнин ӯро дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ Баҳовуддин Юсуфов, сокини 26 солаи деҳаи Чапаеви ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) рӯзи 20-уми октябр ба сафи артиш ҷалб шудааст ва дар як қисми низомӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор қарор доштааст.
Абдулҳафиз Юсупов, падари ин сарбоз гуфтааст, ки 18 рӯз пеш хабар ёфта, ки писарашро бистарӣ кардаанд. Вақте ба дидорбинии писараш ба беморхона рафт, ӯ сӯҳбат карда наметавонист, вале ишора мекард, ки сар ва даҳонаш осеб дидааст.
Мақомот мегӯянд, зоҳиран ин ҷавон қабл аз ҷалб шуданаш ба артиш бемор будааст ва ин масъаларо тафтиш доранд.
Абдулҳафиз Юсупов нақл кардааст, ки “Лабҳои писарам сиёҳ шуда буд. Вақте пиёлаи оби ҷушро тарафаш бурдам, тарсид ва ишора кард, ки обро дур кунем. Сахт аз оби ҷуш метарсад. Тамоман гап намезанад ва вақте пурсидам, ки чӣ гап шудааст, фақат ишора кард, ки сараш осеб дидааст ва ба тарафи ҳалқаш ишора кард”.
Ин мард аз шарҳи бештари қазияи писараш худдорӣ кардааст.
Меҳрубон Юсуфов, бародари ин сарбоз гуфтааст, панҷ сол пеш дар як занозании тасодуфӣ миёни ҷавонони деҳ аз сараш зарб хӯрда буд ва зуд-зуд табобат мегирифт. Бо вуҷуди беморӣ бародарашро дар ноҳияи Хуросон “облава” карданд ва ба артиш бурданд.