Яке аз масалаҳои хеле печидае, ки зеҳни аксариятро машғул месозад, ин ҳукми ғазоҳои дар дохилаш спирт дошта мебошад.
Бо тараққӣ кардани истеҳсолот дар ҷаҳон ҳамарӯза ҳазорҳо хӯрокаву нӯшоба, атр, лавозимоти ороишӣ, доруву қатраҳои дигар истеҳсол мешавад, ки дар таркибашон спирт омехта шудааст.
Чӣ тавре, ҳама мусалмонҳо огоҳ ҳастем, тамоми маводҳои масткунанда дар шариати ислом ҳаром аст. Спирт, виский, шампон, маводди мухаддир, новобаста ба номаш ва навъаш ҳар чизе, ки хусусияти масткунӣ дорад, истеъмоли он барои мусалмон ҳаром мебошад.
Аллоҳ дар сураи Моида oяти 90 мегӯяд:
يا ايها الذين امنوا انما الخمر و الميسر و الأنصاب و الأزلام رجس من عمل الشيطان فاجتنبوه لعلكم تفلحون
Эй касоне, ки имон овардаед шароб, қимор, будпарастӣ ва тирҳое, ки бо он қуракашиву қиморбозиву фолбинӣ мекунед, ҳамаи инҳо палидӣ ва аз амали шайтон аст. Аз ҳамаи инҳо худро дур кунед, то ки наҷот ёбед.
Дар ояти карима Аллоҳ шароб ва кулли маводи масткунандаро палидӣ ва аз амалҳои шайтон зикр мекунад ва мӯъминонро амр мекунад ба шароб наздикӣ накунанд.
Спирт бошад ҷавҳари шароб ва ё худ қалби нушобаҳои масткунанда аст.
Биёед инҷо бо моддаи спирт шинос шавем. Чӣ асту чӣ гуна истеҳсол мешавад?
Спирт мойеи обие аст, ки аз меваҷоту баъзе донаҳои табиӣ сохта мешавад.
Бо турш кардани меваҷоте, мисли ангуру хурмо ва ё донаҳое мисли ҷаву биринҷ спиртро истеҳсол мекунанд.
Дар замонҳои қадим барои тайёр кардани спирт меваҷоту донаҳоро муддате дар ҷойе мегузоштанд, бо гузашти вақт мева ва ё дона худ ба худ турш мешуду ба спирт табдил мегашт.
Дар ҳоли ҳозир бо техникаҳои навбаромад роҳи истеҳсоли спирт хеле осон гаштааст.
Спирт асосан ду намуд дорад:
Намуди якум. Спирти Этонул ё худ спирти алколӣ, ки дар забони русӣ “Винний спирт” мегӯянд.
Спирти этонул асосан дар нушобаҳои масткунанда вуҷуд дорад. Дар ҳама намуди шаробҳо, маҳз ҳамин этонулро ҳамроҳ мекунанд. Илова бар ин намуд спиртро дар атру хушбӯиҳо шоколаду шириниҳои дигар, ҳамчун як моддаи хушбӯйкунандаву хуштаъмкунанда изофа мекунанд.
Намуди дуюм. Спирти Метанул, “техничиский спирт”.
Ин намуд спирт, спирти метанул заҳри қотил аст. Ин намуд спиртро дар маводи сӯзишворӣ ва моддаҳои назофаткориву поккунанда изофа мекунанд. Ин намуд спиртро ба нӯшобаву хурокаҳо ҳаргиз изофа намекунанд.
Аҷиб ин аст, ки ҳардуи намуди спирт дар рангу бӯй ва таъм якхела ҳастанд. Инсон оддӣ ҳардуи инҳоро аз ҳам фарқ карда наметавонад. Хеле зиёд нафароне ҳастанд, ки спирти метонулро иштибоҳӣ тановул карда, заҳролуд гаштаанд.
Ҳукми ғизоҳое, ки дар дохилашон спирт доранд
Инҷо ду масъалаи муҳим аст.
Масалаи якум, изофа кардани спирт ба хӯрокаву нӯшобаҳо.
Масалаи дуюм, хурдани ғазоҳое, ки дар таркибашон спирт доранд.
Оиди масалаи якум, изофа кардани спирт ба ғазоҳову нӯшобаҳо ва умуман ба ҳама намуди истеҳсолот, ҳамаи уламо иттифоқ ҳастанд, ки шахси мусалмон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд спиртро ба ғазову нӯшобаву ҳеҷ кадом чизҳои дигар изофа кунад.
Ҳатто аз изофа кардани камтарин миқдори спирт ҳазар кунад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисе, ки Абудовуд ривоят кардаанд мегӯянд:
Ҳар он чизе, ки миқдори зиёдаш инсонро маст мекунад, миқдори камаш низ ҳаром аст.
Хӯрдани ғазоҳое, ки дар таркибашон спирт дошта бошанд, ба қавли аксари уламо аз ҷумла Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ ва фатвои ҷамъияти уламои муосир, ки дар торихи 24.06.2018 содир шудааст, мегӯянд: Вақте миқдори хеле ками спирт ба ғазову нӯшоба омехта мешавад ва дар дохили маҳсулотҳои дигар ба пуррагӣ коркард мешаваду хусусияти масткуниашро гум мекунад, он ғазо ҳалол аст, зеро бо омехта шудан, спирт коркард шудаасту ба моддаи дигар табдил гаштааст. Инсон чӣ қадар аз он ғазои ба дохилаш каме спирт омехта шуда, тановул кунад ҳам, маст намешавад. Пас он спиртро мо дигар маводи маскунанда гуфта наметавонем.
Барои мисол: Шириниҳое, ки дар дохилашон спирт доранд, чӣ қадар аз он тановул кунед ҳам, маст намешавед ва ё нӯшобаҳои газдоре, ки дар таркибашон каме спирт изофа кардаан, ҳар қадаре, ки аз он нӯшида шавад ҳам, инсон маст намегардад.
Муслима Аҳмадӣ