Categories Хабарҳо

Ҳазорҳо донишҷӯи ӯзбекистонӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд

Ҳудуди 2,5 ҳазор донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекарданд, рухсат гирифта, озими ватани худ шудаанд

Бо истинод ба як манбаъ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Sputnik хабар медиҳад, ки даст кашидани онҳо аз таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва рӯ оварданашон ба донишгоҳҳои ватани худ дар пайи даъвати президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад, ки аз донишҷӯёни кишвараш даъват кардааст, таҳсили худро дар Ӯзбекистон идома диҳанд.

Бино ба ахбори расонаҳои Ӯзбекистон, вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси он кишвар аз донишҷӯёни ин кишвар, ки дар ҳамсоякишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таҳсил мекунанд, даъват кардааст, ба ватан баргарданд ва бидуни супоридани имтиҳон ва дигар талаботу санҷиш таҳсили худро дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон идома диҳанд.

Бино ба ин манобеъ, дархости донишҷӯён дар Ӯзбекистон аз 7 то 15 феврал пазируфта мешавад. Донишҷӯён барои ин бояд танҳо нусхаи шиноснома, ариза барои гузариш ва ҳамчунин дафтарчаи имтиҳонотро пешниҳод кунанд.

Аммо онҳо дар Ӯзбекистон низ бар асоси шартномаи пулакӣ таҳсил хоҳанд кард, тавре ки дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон таҳсил мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон 4000 донишҷӯйи ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, беш аз 140 нафари дигар дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил доранд.

Масъулини ин донишгоҳ, ки ба далели пеш омадани рӯзҳои истироҳат – шанбеву якшанбе то ба ҳол дархостеро нагирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба ахбори расонаҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз додани ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ худдорӣ кардаанд, чун ҳамаи онҳо бо шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд ва рафтани саросарии онҳо ба буҷаи донишгоҳҳо зарба хоҳад зад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *