Президентони Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо дар поёни музокироти худ дар Душанбе ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, мусоидат дар содироти моли Тоҷикистон дар Аврупо таъкид карда, инчунин аз ҳуқуқи башар сӯҳбат карданд.
Дар мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо дар Душанбе мувофиқа ҳосил шудааст, ки ду ҷониб равандаи таҳияи созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро оғоз мебахшанд. Дар ин бора дар поёни мулоқоти президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск дар Душанбе изҳороти матбуотӣ пахш шуд.
Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, ки дар садри як ҳайати баландпояи аврупоӣ дар Душанбе қарор дорад, шоми 30 май бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ҳадафи аслии ин сафар – баррасии мебошад, ки Тоҷикистон як бахши ин барнома ба ҳисоб меравад.
Ин стратегия, ки ба қавли аврупоиҳо «бо ҳадафи рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» амал мекунад, ҳамкориҳои наздики ду қора дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, соҳибкориву тиҷорат, тағйироти иқлим ва инчунин ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башарро дар бар мегирад.
Сафари президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳоле мегузарад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷамъиятӣ ҳукумати ин кишварро барои маҳдудшавии озодии баён, фишор болои матбуот ва ҳуқуқшиносони мустақил, зиндониҳои сиёсӣ ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон интиқод мекунанд. Дар остонаи сафари Туск бархе фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо таассуф гуфтанд, ки мақоми баландпояи аврупоӣ бояд дар ин сафар бо ҷомеаи маданӣ дидору мулоқот мекард.
Дар робита бо ин мавзӯъ Туск гуфт, ки мавзӯи ҳуқуқи башар яке аз масоили муҳими мавриди баррасии онҳо дар музокирот бо президент Раҳмон буд.