Адади ракъатҳои намози Таровеҳ дар назди имом Абуҳанифа ва ин чунин бақияи мазҳабҳо Молики, Шофеъӣ ва Ҳанбалӣ бист ракат мебошад. Бист ракат намози таровеҳ сипас се ракъат витр. Ҷумҳури уламо барои бист ракат будани намози таровеҳ ба қавли ҳазрати Умар ва саҳобагони баъди такя мекунанд.
Вақте ҳазрати Умар ба саҳобии бузург Убай ибни Каъб гуфтанд, ки бо мардум бист ракъат таровеҳ бихон, Убай сухани Умарро қабул карданд, инчунин бақияи саҳобагон низ ба сухани Умар чизе нагуфта розӣ шуданд. Пас аз марги Умар низ саҳобагон дар масҷид бист ракъат таровеҳ мехонданд, ин далолат ба он мекунад, ки саҳобагон медонистанд,ки бист ракъат таровеҳ хондан машрӯъ мебошаду чизи навпайдо нест.
Аз тарафи дигар Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
عليكم بسنتي و سنة الخلفاء الراشدين المهديين عضوا عليها بالنواجز
Шуморо амр мекунам, то суннати ман ва суннати хулафои рошидини роҳнамоямро бо дандонҳои пеш муҳкам бидоред, аз ману хулафои рошидин пайравӣ намоед.
Аммо, имрӯз аксари нафароне, ки ҳашт ракъат намози таровеҳ мехонанд ва сипас се ракъат витр мехонанд, ҳамааш шуда ёздаҳ ракъат намоз мешавад, аз ҳадиси Оиша далел мегиранд, ки мегӯянд: Паёмбар, на дар Рамазон, на дар ғайри Рамазон аз ёздаҳ ракъат зиёд намози шаб намехонданд. Ёздаҳ ракъате, ки бо хушуву ихлоси комил гузошта мешуд.
Вақте мебинем саҳобагони паёмбар бисту се ракъат ва худи Паёмбар ёздаҳ ракат ҳамроҳ бо витр намози таровеҳ гузоштаанд, натиҷа мегирем, ки дар чанд ракъат хондани намози таровеҳ каму зиёдӣ вуҷуд надорад. Агар бисту се ракъат хонда шуд, боке нест, агар ёздаҳ ракъат хонда шуд боз ҳам боке несту маломате ҳам нест.
Вақти намози таровеҳ, пас аз намози хуфтан шурӯъ мешавад то дамидани субҳ тӯл мекашад.
Дар масҷид ҳамроҳи Имом хондани таровеҳ, албатта беҳтар аст, ҳам аҷри таровеҳро соҳиб мегардед, ҳам аҷри намози ҷамоатро.
Агар рафту шароити дар масҷид хондани таровеҳро надошта бошед, боке нест, таровеҳро дар хона хонем, барои он ки Паёмбар намози таровеҳро, ҳам дар масҷид, ҳам дар хона хонда буданд.
Занҳо низ метавонанд дар намози ҷамоат дар шабҳои Рамазон иштирок кунанд, ягон далел вуҷуд надорад, ки занҳоро аз ба масҷид рафтан манъ кунад. Баръакс уламои муосир мегӯянд, имрӯз дар замоне зиндагӣ дорем, ки дарҳои фитна боз аст. Барои занҳо аз мағоза рафтану дар кӯча давр задан, аз сари телефон нишастану ғайбат кардан садҳо маротиба афзалтар аст. ки ба масҷид рафта машғули ибодату илм гарданд.
Агар зан барои масҷид рафтан шароит надорад, боке нест дар хона танҳо намози таровеҳ хонад, ки албатта аҷрашро мегирад.
Агар зану шавҳар ҳамроҳи фарзандон дар якҷоягӣ намози таровеҳ хонанд, баракти дигар дорад. Дуои ҷамоат зудтар иҷобат мешавад.
Чигунае, ки гуфтем намози Таровеҳ суннати муаккада аст, барои ҳамин тарк карданаш гуноҳ нест, аммо пайваста барпой доштанаш сабаби мағфирати гуноҳҳои пештара мегардад.
Барои шахсони мусофир ва ё бемор таровеҳ нахондан боке надорад, кофист ният дошта бошанд, ки вақте аз сафар баргаштанд ва ё сиҳат шуданд таровеҳ мехонанд, албатта Аллоҳ аз фазлу карами худ барои ниятҳои некашон аҷри намозгузоронро медиҳад.
Муслимаи Аҳмадӣ