Рубрики Хабарҳо

Хомӯшии орифон —тӯғёни ситамгарон

Бузургтарин неьмат дар рӯи замин ҳикмату дониш аст, ки Худованд барои башар бахшидааст. Неъмате, ки башарро аз мавҷудоти дигар чудо месозад. Соҳибони ин неьмат, ки олимон, донишмандон ва мутафаккирон ҳастанд, масули ин неьмати бузург мебошанд. Онҳо нигаҳдори ин амонате ҳастанд, ки бар дӯши худ гирифтанд. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Донишмандон амонатнигаҳдори Худо ҳастанд бар халқи Худо»

Аммо ин амонатро бар дӯш гирифтан ва аз ӯ ба таври шоиста истифода накардан кори донишманд нест. Хомӯш мондани донишмандон, ки як вақтҳо пештози бедории миллат буданд, сиёсатмардони ситамгарро боҷуръат кардааст, ки миллати соҳиби тамаддуни волои  ҳикмату дониши ҷаҳонӣ доштаро ба як кишвари ақибмонда табдил диҳанд. Мудати 27 сол мешавад, ки тақдири ин миллат аз ҷониби як нафар тасарруф шуда ва истисмор мешавад, аммо мағзи ин миллат, ки донишмандон ва зиёиён ҳастанд, ҳанӯз ҳам хомӯш ҳастанд. Оё ин ситамгар мағзи миллатро ҳам манкурт карда бошад? Агар манқурт карда бошад, ҳастии миллат аз даст рафтааст. Зеро ҳастии миллат — фарҳанги миллат аст. Набояд чунин бошад. Донишманди бо ору номус ҳеҷ гоҳ зери бори ин ситамгор намеравад ва донишашро бо ин баҳои андак намефурӯшад.

Барои ибрози ҳақиқат дар муқобили зулм, ҷасорати Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ ва Имом Аҳмад ва дигар донишмандони садри ислом лозим аст.

Дар маноқиби Абӯҳанифа меоранд, ки рӯзе халифаи замонаш Мансури Давоникӣ ӯро дар ҷаласаи доруссиёсаташ назди вузароаш даъват кард ва аз ӯ як хоҳиши андаке кард, ки сар задани каламе буд. Зеро қабл аз ин қабули мансаб ва ҳамкорӣ кардан бо халифаро ҳамеша рад мекард. Ин дафъа, Абӯҳанифа хоҳиши ӯро рад накарда, каламро сар зад. Халифа аз ин рафтори Имом хурсанд шуд ва қаламро гирифта ба тамоми аҳли маҷлис нишон дода гуфт: Чӣ зебо қаламро сар задӣ!

Абӯҳанифа дар ҷавоб гуфт: Агар қаламро ба ман диҳӣ бори дигар зеботар сар мезанам.

Ҳалифа қаламро бозгардонд, Имом онро гирифту шикаст.

Халифа таъаҷҷуб карду пурсид: Чаро ин корро кардӣ?

Имом посух дод: Аз саҳобагони Паёмбари Худо(с) шунидаам, ки Паёмбар фармудааст: «Золимон ва ёрдамчии золимон дар дӯзаханд». Бинобар ин нахостам, ки бо қалами сарзадаи ман шумо болои мардум зулм бинависед.

Ин аст ҷасорат ва ҷавонмардие, ки ин имоми бузургвор аз худ гузоштааст ва имрӯз миллионҳо мусалмон пайрави ӯ ҳастанд. Аммо донишмандон ва уламои кишвар даъво доранд, ки пайрави ин имоми бузург ҳастем, лекин бо ситамгорон ҳамкору ҳамдастанд. Ин чӣ мусибатест, ки болои ин миллат омадааст.

Имом Аҳмад(р) дар Муснадаш аз Абӯсаъиди Худрӣ ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ҳақиртарини шумо касест, ки мункареро (яьне кореро,ки шариат нохуш доштааст) бубинад ва чизе нагӯяд, пас гуфта мешавад ӯро рӯзи қиёмат: Чӣ туро боз дошт аз гуфтани сухани ҳаққе, ки бояд барои ислоҳи ӯ мегуфтӣ. Пас мегӯяд: Аз мардум тарсидам. Гуфта мешавад барои ӯ: Оё шоистатар набуд аз Худо битарсӣ?»

Донишманди ҷасур ва поквиҷдон дар ҳар замоне, ки бошад аз ситамгорони замонаш наҳаросида, сухани ҳақро бо ҳар воситае иброз медорад.

Худованд дар Каломи покаш дар ду мавзеъ донишмандонеро, ки ҳақро мепӯшонанд ва донишро ба дунё иваз мекунанд бо бадтарин масал ташбеҳ кардааст.Якеро ба саги ташна ё хасташуда монанд кардааст, дигареро бо улоғе, ки боркаш аст.

 Худованд мефармояд:

«Ва бар онҳо бихон саргузашти касеро (яьне Балъами Боъуроро, ки донишманди замони Мӯсо(а) буд), ки оёти худро ба ӯ додем, аммо ӯ аз онҳо тиҳӣ гашт (яъне донишро раҳо ва ба дунё иваз кард), пас Шайтон дунболи ӯ шуд ва ӯ оқибат аз гумроҳон гардид. Ва агар мехостем, ҳатман мақоми ӯро ба василаи он оёт боло мебурдем, вале ӯ ба пастӣ гароид ва дил бар замин баст ва аз ҳавои нафси худ пайравӣ кард (яьне мансабу моли дунё ӯро фирефта сохт). Пас достони ӯ достони саги ташна ё хаста аст, ки агар бар ӯ ҳамла барӣ забон дароварад. Ва агар раҳояш кунӣ боз ҳам забон дароварад (яъне ҳеҷ вокунише нишон намедихад). Ин достони гурӯҳе аст, ки оёти моро такзиб карданд. Пас ин достонро бозгӯ кун, то шояд андеша кунанд» (сураи Аьроф ояхои 175-176).

Ин достони донишманде аст, ки дар замони Мӯсо(а) гузаштааст. Тибқи ривоятҳое, ки Қуртубӣ дар тафсири ин оятҳо овардааст, Балъами Боъуро ном дорад. Ӯ мустаҷобуддаъва буд, яъне ҳар чӣ дуъо мекард, иҷобат мешуд. Мӯсо(а) барои озод сохтани ҳамон сарзамине, ки он донишманд зиндагӣ мекард, аз дасти подшохи золим, маъмур шуда буд. Вақте он подшоҳ аз лашкари Мӯсо(а) тарсид, назди ин донишманд омада ӯро бар зидди Мӯсо(а) ташвиқ кард ва барои ӯ мансабу зару зевар ваъда кард. Ва он донишманд фирефтаи дунё шуда, дар муқобили Мӯсо(а) даст бардошта дуъо карданӣ шуд. Аммо Худованд забонашро аз ихтиери ӯ гирифт. Ҳар вақт мехост дар муқобили Мӯсо(а) дуо кунад, баръакс мешуд. Дар охир забонаш аз комаш берун шуд, дигар овозашро шунида намешуд.

Худованд бо ин достон ба он донишмандоне, ки фирефтаи моли дунё шуда, осоиштагии дунёро ихтиёр карда. бо ситамгорон ҳамдаст ва ҳамкор мешаванд, ҳушдор медиҳад, ки азоби Худо онҳоро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират интизор аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *