Рубрики Хабарҳо

$20 млн.и Иттиҳоди Аврупо барои НОБ «Себзор»

Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НОБ-и “Себзор” дар шарқи Тоҷикистон ҳудуди 20 миллион евро ҷудо мекунад. Ин масъала дар нишасти ҳафтуми Кумитаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Аврупо, ки дар Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид.

Нерӯгоҳи обӣ-барқии “Себзор” қарор аст дар дарёчаи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта шавад. Иқтидори он 10 МВт пешбинӣ шуда, солона то 60 млн. кВт/с. барқ истеҳсол хоҳад кард.

Қаблан мақомоти Афғонистон ба пружаи “Санобод” дар ин минтақа, аниқтараш ба воридоти барқи истеҳсолии он таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд

Дар нишасти Кумитаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Аврупо, ки зери раҳбарии муовини вазири рушди иҷттисод Завқӣ Зақизода аз ҷониби Тоҷикистон ва Люк Девин аз ҷониби ИА баргузор шуд, ҷонибҳо стротежии нави ИА, рушди бахши макроиқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои тиҷорӣ, бахши энергетика ва об, сиёсати хориҷӣ ва волоияти қонуну ҳуқуқи инсонро низ ба баррасӣ гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин кӯмак ба Тоҷикистон дар солҳои 2021-2027 барои сармоягузории соҳаҳои иқтисоди кишварро дастгирӣ карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *