Рубрики Хабарҳо

Садама ҷони ду корманди зиндони Хуҷандро гирифт. Сардору муовинаш дар бемористон

Дар натиҷаи ба ҷарӣ паридани як худрави Опел Зафира, ки чаҳор корманди зиндони Хуҷандро ҳамл мекард, ду нафар ҷон бохта ва ду нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шудаанд. Манобеъи “Паём” маҷрӯҳшудагонро сардори зиндон Аҳмадов ва муовинаш мегӯянд. 

Паём натавонист номи сардори зиндонро пайдо кунад, аммо гуфта мешавад ӯ ва муовинаш аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Мошин аз ҷониби муовини ҳалокшудаи ӯ оид ба сиёсат идора мешуд. Ҳамчунин дар ин садама мусоҳиби зиндон ҷон бохтааст. 

Дар ҳамин ҳол, манобеъ гуфтанд кормандони зиндон бо ду мошин ба роҳ баромада буданд. Дар бораи мошини дувум маълумоте нест. Садама рӯзи 6 апрел дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. 

Радиои Озодӣ номи ҷонбохтагон дар ин садамаро Маъруф Муродов ва Толиб Бӯриев

гуфта, навиштааст «онҳо ба гузоришдиҳӣ аз вазъи маҳбаси Хуҷанд ба ҷаласаи фаврӣ дар Душанбе мерафтанд.»

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иддао кардааст ҳодиса бо айби ронанда рӯй дода, «мошин ба чуқурӣ афтод».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *