Рубрики Хабарҳо

Дар паи ошӯби зиндони Ваҳдат чанд масъул аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд

Дар ҷараёни тафтиши ошӯби зиндони Ваҳдат чанде аз масъулин аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. Ҳоло дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат гурӯҳи махсуси тафтишотии муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон, ВКД ва КДАМ ба таҳқиқи масъала машғуланд.

Аз ҷумлаи сабукдӯшшудагон аз мансаби худ додситони  назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази Додситонии кулли Тоҷикистон  Мирзо Аминзода аст, ки аз моҳи майи соли 2015 дар ин вазифакор мекард.  Ба ҷойи ӯ Рустам Азиззода таъин шудааст.

Ҳамчунин чанде аз кормандони муассисаи ислоҳии мазкур низ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Дар пайи ошӯби зиндони Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний”, тибқи иттилоъи расмӣ 3 корманди зиндон ва 29 зиндонӣ кушта шуданд. Сабабаҳо ошӯб то ҳол эълон нашуда, наҳваи пахши он низ суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд.

Наздикони маҳбусон, коршиносон ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба фарзияи ҳукумат бовар намекунанд ва талаб доранд, ки таҳқиқоти мустақил сурат гирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *