Рубрики Хабарҳо

20 миллион сомонӣ моҳонаро Бег Сабур чӣ кор хоҳад кард?

Маркази ягонаи коммуникатсионии “Тоҷиктелеком” — ниҳоди зертобеъи Бег Зуҳуров яке аз сабабҳои болоравии нархи зангҳои байналмиллалиро камшавии шумори ин зангҳо унвон кардааст.

Музаффар Неъматов, раиси “Тоҷиктелеком” имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, шумори истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ, интернет ва зангҳои байналмиллалӣ бо шиддат кам шудааст. Тибқи иттилои ӯ шумори муштариёни ширкатҳои мобилӣ аз 11,2 миллиони соли гузашта ба 8,7 миллион нафар расидааст. Шумори муштариёни фаъол низ 800 ҳазор нафар камтар шуда, аз 5,2 миллион ба 4.4 миллион поён рафтааст.

Ҳамчунин тибқи иттилои раиси “Тоҷиктелеком” шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон ҳам 400 ҳазор кам шуда ба 2,6 миллион расидааст. Зангҳои байналмиллалӣ ҳам ба гуфтаи ӯ рӯ ба коҳиш овардаанд.  “То ин замон зангҳои воридшаванда ва хориҷшаванда аз Тоҷикистон 158 миллион дақиқа дар моҳро ташкил медоданд, аммо моҳи декабр он ҳамагӣ 112 миллион дақиқаро ташкил дод” — гуфт Неъматов.

Ин боис шудааст “Тоҷкителеком” ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои болои бурдани ҳақи ин ниҳод аз зангҳо муроҷиъат намояд, ки дар натиҷа он аз 11 дирам ба 15 дирам боло бурда шуд.

Неъматов нагуфт, ки камшавӣ танҳо дар моҳи декабр будааст, ё ба оҳистагӣ ба ин рақам расидааст. Дар сурати гирифтани мутавассити ин рақам, он 135 миллион дақиқа дар моҳро ташкил медиҳад, ки бо нархи нав ҳақи “Тоҷиктелеком” аз зангҳои байналмиллалӣ 20 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ё чизи бештар аз 2,5 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Ин маблағ ба гуфтаи мақомоти Хадамоти алоқа барои пӯшонидани хароҷоти ин марказ ва фаъолияти он масраф хоҳад шуд. Аммо коршиносон мегӯянд барои фаъолияти ин марказ ҳатто 10 дарсади ин маблағ кофист.  Ба овозаҳо дар бораи масраф шудани 50 миллион доллар барои хариди таҷҳизот ба ин марказ низ коршиносон ба шубҳа менигаранд. Худи раиси “Тоҷиктелеком” имрӯз дар нишасти матбуотӣ ин шубҳаҳоро бештар кард. Ӯ гуфт марказ бо таҷҳизоти замони шӯравӣ фаъолият мекунад. Ӯ нагуфт, ки ин таҷҳизот нав харида шудааст ва ё ҳамонетс, ки қаблан буд. Бо назардошти ин, ки ҳамаи кишварҳои собиқи шӯравӣ кайҳо ба таҷҳизоти замонавӣ гузаштаанд ва тақҳизоти замони шӯравӣ дар ҳеҷ куҷое вуҷуд надорад, мешавад тахмин зад, ки ин ҳамон таҷҳизотест, ки қаблан буд.

Хадамоти алоқа даъво дорад, ки бояд аз ҳисоби гирифтани молиёт аз зангҳои байналмиллалӣ, масорифашро ҷуброн созад. Аммо агар воқеъан ин таҷҳизот харидорӣ шудааст (ки ҳеҷ далеле аз хариди онҳо вуҷуд надорад), пас чаро мардум барои он ки гуфтугӯяш назорат шавад, пул пардохт кунад?

Аммо манобеъи мухталиф аз ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, қисмати хеле ками трофик тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионӣ мегузарад, чун ин марказ қудрати фарогирии ҳатто 20 дарсади трофикро надорад. Аммо молиёт аз тамоми трофик гирифта мешавад.

Коршиносон мутмаъинанд, ки ин марказ танҳо барои гирифтани фоида аз тарафи Бег Сабур таъсис шудааст ва на танҳо қодир нест тамоми трофики гуфтугӯҳои байналмиллалӣ ва интернетро контрол кунад, балки суръати ҳамон қисмате ҳам, ки тавассути ин марказ мегузарад, бо шиддат поён меравад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *