Толибон рӯзи сешанбе 13 сентябр таъйид кард, ки дар ҷараёни набард бо чирикиҳои Ҷабҳаи Муқовимати Афғонистон дар Панҷшер, дасти кам 40 ҷангҷуи таҳти амри Аҳмад Масъудро куштааст. Дараи Панҷшер бинобар муқовамати тоҷикон дар баробари таҷовузи нерӯҳои Шӯравии собиқ дар даҳаи 1980 ва ҳамчунин муқовамат дар баробари Толибон дар аввалин давраи ҳукмронияшон дар даҳаи 1990 шӯҳрат дорад.
Нерӯҳои муқовити таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд аз чанд ҳафтаи пеш бо нерӯҳои Толибон ба шиддат даргир шудаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки нерӯҳои Толибон бо тавассул ба хушунати афзоянда ва шиканҷа, тирборон ва куштори ғайринизомиёнро дар дастури кор қарор додаанд то ҷое, ки Ричорд Бинт, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар умури Афғонистон ҳам дар нишасти ахири Шӯрои ҳуқуқи башар нисбат ба авоқиби чунин раванд ҳушдор дод.
Акнун Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон зимни таъйиди кушта шудани 40 “шӯришӣ” аз ҷумла 3 фармондеҳи аршади Ҷабҳаи Муқовимат аз амалиёти дар ин дараи машҳур бо унвони “амалиёти поксозӣ” ёд кардааст. Ў дар идома ҳамчунин аз боздошти беш аз 100 нафар дар ин иртибот хабар додааст. Бархе манобеъи хабарӣ теъдоди фармондеҳони ҷонбохтаи Ҷабҳаи Муқовиматро 4 нафар зикр кардаанд.
Ҷабҳаи Муқовимати Афғонистон дар вокуниш ба ин иддаои Толибон, теъдоди куштаҳо ва боздоштиҳоро иғроқомез дониста ва теъдоди куштаҳои худро “ночиз” унвон кардааст.
Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки фармондеҳи Ҷабҳаи Муқовиматро бар ӯҳда дорад дар мавқеиятҳои гуногун ҳукмронии Толибонро “номашруъ” дониста ва бар идомаи муқовимат дар 12 вилояти умдатан шимолии Афғонистон таъкид кардааст. Афғонистон дар маҷмӯъ 34 вилоят дорад.