Занони Арабистони Саудӣ барои нахустин бор иҷоза ёфтанд ба танҳоӣ ва бидуни ҳамроҳии маҳорими мард ба мусофират бираванд.
Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ “SPA”, яке аз масъулини ин кишвар эълом кард: Занон аз ин пас метавонанд барои дарёфти гузарномаи иқдом ва бидуни маҳрами мард ба хориҷ аз кишвар сафар кунанд.
Бар асоси ҳукми давлатии 2 августи соли ҷорӣ, дар рӯзномаи расмии Арабистони саудӣ мунташир шуда низ омадааст:
“Бонувони кишварамон метавонанд бидуни муҷаввизи падар, шавҳар, бародар ва писар ба танҳоӣ сафар кунанд. Бонувони мо ҳамчунин аз ин пас ҳаққи издивоҷ, талоқ ва таваллуди навзодро доранд”.
Гуфтанист пеш аз ин бонувон дар Арабистони саудӣ ҳақ надоштанд ба танҳоӣ сафар ва гузарнома ё мадорики худро ҳамл кунанд.