Рубрики Хабарҳо

Бишкек сарони СҲШ-ро қабул мекунад

Мақомоти Қирғизистон аз ҳузури 5 ҳазор полис ва 250 мошини вижа дар хиёбонҳои шаҳри Бишкек барои таъмини амнияти нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.

Рӯзҳои 12-15 июн, аз чаҳоршанбе то шанбе дар шаҳри Бишкек тадобири амниятӣ ташдид хоҳад шуд.

Ин иқдомот барои таъмини амният ва пешгирӣ аз вуқуи шароити изтирорӣ дар замони баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай анҷом мешавад.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 13-14 июн дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмиллалии байни давлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхаи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд.  Аз 10 июли соли 2015 Ҳинду Покистон узви Созмони ҳамкории Шанхай шуданд.

Акнун Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Бино бар эъломи бархе коршиносони ҳавзаи кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия тасмим дар мавриди узвияти доими Эрон дар ин созмон яке аз муҳимтарин барномаҳои иҷлоси оянда дар шаҳри Тошканд хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *