Рубрики Хабарҳо

Қиёмиддини Аваз дар “Кирпичний” шиканҷа мешавад

Яке аз зиндониёни сиёсӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ Қиёмиддини Аваз, ки то сентябри соли 2015 раёсати бахши шаҳрии ин ҳизбро ба дӯш дошт, дар муассисаи ислоҳотии 3/2 шаҳри Ваҳдат зери шиканҷаи шадид қарор дорад.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Қиёмиддини Авазро дар утоқи ҷаримавӣ (Шизо) ҷо кардаанд ва онҷо аз ҳар тараф шиканҷа мешавад – латукӯб мегардад, барояш доруҳояшро намедиҳанд, қабули хӯрок ва вохӯрӣ бо пайвандонаш манъ шудааст.

Қиёмиддини Аваз аз бемории чашм ранқ мебарад ва дар сурати ба зудӣ нагирифтани табобат имкони аз даст додани биноиян вуҷуд дорад. Аммо ба ӯ иҷозаи табобат дода намешавад. 

Ҳамчунин аз замони ҳаводиси хунбори зиндони “Кирпичий” то ҳанӯз Қиёмиддин натавониста бо хонаводааш мулоқот кунад.

Ӯро ҳоло бо сабаби номаълуме дар утоқи ҷаримавӣ ҷо кардаанд ва хӯроки бурдаи пайвандонашро ҳам қабул намекунанд. 

Паём натавонист бо хонаводаи ӯ тамос гирад. 

Қаблан манбаъи Паём дар бораи як исёни хурди дигар дар ҳафтаи гузашта дар ин зиндон хабар дода буд. Он бидуни истифода аз силоҳ пахш гардида, аммо чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ҷумла агуштони дасти узви дигари РО ҲНИТ, рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Давлат шикастаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *