Гӯшти 10 сар гови қурбонӣ тавассути бунёди ҳамёриҳои башарии Туркия миёни ниёзмандони Тоҷикистон ноҳияи Ваҳдат тақсим шудааст. Дар ин бора хабаргузории туркии “Анатолу” хабар медиҳад.
Бунёди ҳамёриҳои башарии Туркия (IHH) ба унвони яке аз фаъолтарин ва муассиртарин бунёдҳо ва ниҳодҳои башардӯстонаи Туркия, дар нахустин рӯзи иди саид Қурбон гӯшти 10 сар гови қурбониро миёни 600 хонаводаи ниёзманди ноҳияи Ваҳдат кишвар тақсим кардааст.
Ҷамшед Сафаралӣ мудири анҷумани хайрияи Сабои Тоҷикистон дар ин замина ба хабарнигори хабаргузори Анатули гуфтааст: “Ин анҷуман соли 2016 барои фаъолият дар заминаи кумакҳои инсонӣ таъсис шуд. Бо муассисоти мухталиф дар дигар кишварҳо барои кӯмак ба мардуми Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Дар ин росто бо бунёди ҳамёриҳои башарии Туркия ҷиҳати барномаи тақсими гӯшти қурбонӣ дар рӯзи ид ҳамкорӣ кардем”.
Вай афзудааст: “Алҳамдулиллоҳ, миёни ҳудуди 600 хонавода гӯшт тақсим шуд. Аз мардуми Туркия бобати ин иқдом бисёр ташаккур мекунем. Умедворем ҳамкории мо бо муассисоти Туркия дар оянда афзоиш ёбад».
Созмонҳои кӯмакҳои башарии Туркия ҳамасола дар иди Қурбон дар беш аз 50 кишвари дунё гӯшти қурбонӣ тақсим мекунад. Ин кор чанд сол қабл дар Тоҷикистон ҳам оғоз шуда буд, вале бинобар даст ба фасод задани масъулини кишвар, созмонҳои туркӣ аз кӯмак а Тоҷикистон даст кашиданд.
Собир Қаноатшоҳ, як тоҷики муқими Туркия, ки қаблан ба фиристодани пули қурбонӣ ба Тоҷикистон барои харид ва забҳи чорво машғул буд, мегӯяд мо пулҳоро ба нафарони алоҳидаи мутмаъин мефиристодем, аммо масъулони давлат талаб карданд ин кор тавассути ниҳодҳои давлатӣ анҷом шавад. Аммо дар аввалин сол маълум шуд шумори чорвои қурбонишуда ба маротиб камтар аз пулҳои ирсолшуда будааст.