Корвони иборат аз шаш мошини боркаш аз Ӯзбекистон тавассути Тоҷикистон ба Чин рафт. Ин аввалин таҷрибаи истифодаи роҳҳои Тоҷикистон аз тарафи кишвари ҳамсоя баъди ҳудуди 20 соли сардии муносибот аст.
Охири ҳафтаи гузашта аз шаҳри Тирмиз, маркази маъмурии вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон, корвони иборат аз 6 мошин аз масири Душанбе, Ваҳдат, Кулоб, Калъаи-Хумб, Хоруғ, Қулма ба самти Кошғари Чин ҳаракат карданд. Дар корвон думошинӣ аз ҳар кишвари ин масир – Тоҷикистон Чин ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Дар сурати бо муваффақият анҷом ёфтани таҷриба, молҳои содиротии Ӯзбекистон ба Чин минбаъд аз роҳҳои Тоҷикистон убур хоҳанд кард.
Корвон дар умум 1422 километр роҳро тай хоҳад кард.