Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбибӣ Қурбонзода, ба ин назар аст, ки танҳо бемории рӯҳӣ метавонад сабаби худкушиҳо дар кишвар бошад.
Ба суоли хабарнигорон, ки чаро аз рӯи натоиҷ ҳама ҳодисаҳои худкушӣ як сабаб – «бемории рӯҳӣ» зикр мешавад, посух дод, Қурбонзода посух дод «шахси солим наметавонад ба худкушӣ даст занад, бахусус дар мавриди он худкушиҳое, ки тавассути корд анҷом дода мешавад».
“Албатта ин ҳолатҳое аст, ки онҳо худашонро идора карда наметавонанд. Сабаби ин ҳодисаҳоро прокуратура ва суд муайян мекунад. Онҳо дар аксар ҳолат муайян кардаанд, ки сабаби худкушӣ бемории рӯҳӣ аст”, — гуфт раиси кумитаи кор бо занон.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 21 адад кам аст.
Ҳамин тариқ, дар вилояти Суғд 42 ҳолат ва дар вилояти Хатлон 33 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занону духтарон ба қайд гирифта шудааст.