Рубрики Хабарҳо

Зариф: Амрико Халиҷи Форсро омодаи инфиҷор кардааст

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳузури нерӯҳои хориҷиро мӯҷиби ноамнии Халиҷи форс номид ва гуфт, Амрико ин минтақаро ба “қуттии борути омода таркиш” табдил кардааст. Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ низ амнияти тангаи Ҳурмузро “хати қирмизи Эрон” хондааст. 

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар сафари худ ба Дохаи Қатар эътилофҳои низомӣ дар Халиҷи Форсро “аз пеш шикастхӯрда” номид. 

Ба гузориши ИЛНО, Зариф дар дидор бо Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, ҳамтои қатарии худ нерӯҳои хориҷиро мӯҷиби “ноамнии минтақа” хонд ва бар масъулияти Эрон дар ҳифзи сулҳ ва саботи минтақа таъкид кард. Ў ёдовар шуд, ки масъулият амнияти Халиҷ Форс бар ӯҳдаи “кишварҳои ҳамин минтақа” аст “на нерӯҳои хориҷӣ.” 

Зариф дар гуфтугӯ бо телевизиони Алҷазира низ гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш Халиҷи Форсро “табдил ба қуттии боруте кардаанд, ки омодаи таркиш аст.”

Ба гузориши Машриқнюз, вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар мавриди тараддуди киштиҳои хориҷӣ дар танга Ҳурмуз гуфт: “минтақаи Халиҷи Форс омодаи сӯхтор аст зеро Амрико ва ҳампаймонони ин кишвар, сайле аз таслиҳотро равонаи ин минтақа кардаанд.” 

Зариф дар бораи тарҳи  Вашингтон барои ташкили эътилофи дарёӣ дар тангаи Ҳурмуз таъкид кард, ки ин иқдом на танҳо ба таъмини амниятӣ мунҷар намешавад балки “бесуботӣ” дар минтақаро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. 

Ишораи Зариф ба тақвияти ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ба вижа Амрико дар Халиҷи Форс ва талоши ин кишвар барои ташкили эътилофе аз нерӯҳои дарёӣ барои ҳифозат аз киштиронӣ дар ин минтақаи ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. 

Тарҳи ташкили эътилофи низомӣ дар Халиҷи Форс дар пайи ҳамла ба чандин нафткаш дар Халиҷи Форс ва ба хусус тавқифи як нафткаши бритониёӣ дар танга Ҳурмуз тавассути сипоҳи посдорони Эрон матраҳ шудааст. 

Ҷаҳонгирӣ: Субот ва амнияти тангаи Ҳурмуз хатти қирмизи Эрон аст 

Аз сӯи дигар, бино бар гузориши пойгоҳи иттилоърасонии давлат, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳурӣ низ дар нахустин маҷмаъи иқтисодии Хазар дар Туркманистон дар суханони мушобеҳ амнияти Халиҷи Форсро ба далели ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар маърази таҳдид хонд. 

Ҷаҳонгирӣ таҳдид кард, ки “субот ва амнияти оброҳаҳои байналмилалӣ ва савоҳили шимолу ҷануб ва тангаи Ҳурмуз дағдағаи аслӣ ва хатти қирмизи Эрон аст.” 

 Ӯ “ҳузури қудратҳои фаромитақавӣ ва ҳар гуна иътилофиро хатари бузург барои сулҳ, субот ва амнияти минтақа” номид ва тасреҳ кард: “Амнияти минтақаро танҳо ва танҳо кишварҳои минтақа метавонанд ва бояд барқарор кунанд.” 

Муовини Ҳасан Рӯҳонӣ бо ишора ба хурӯҷи Амрико аз тавофуқи атомӣ бо Эрон гуфт, Амрико “ба тавофуқоти байналмилалӣ пойбанд нест.” Ӯ гуфт, Амрико “бо истифода аз абзори таҳриму таҳдид суботу амнияти минтақаро ба хатар андохта ва ба мушкили ҷиддӣ дар саҳна байналмилал табдил шудааст.” 

Амрико, ки Ҷумҳурии исломиро масъули ҳамалоти ахир ба чанд нафткаш дар Халиҷи Форс медонад, июли соли ҷорӣ пешниҳоди эҷоди як эътилофи ҷаҳонӣ барои ҳифозати стратегӣ аз тангаи Ҳурмуз, Бобулмандаб ва баҳри Сурхро матраҳ кард. 

Эрон, ки ба далели таҳримҳои Амрико бо мушкили содироти нафт рӯбарӯ аст, ҳамла ба киштиҳо дар Халиҷи Форсро такзиб, аммо ҳамзамон таҳдид карда, ки ҷилавгирӣ аз судури нафти Эрон ба маънои ба хатар афтодани содироти нафт барои дигар кишварҳо низ хоҳад буд. 

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, Вашингтон аз 60 кишвари ҷаҳон барои мушорикат дар ин эътилофи дарёӣ дар Халиҷи Форс даъват кардааст. Дар ҳоле, ки Олмон, Япония ва Испания ба дархости Амрико посухи манфӣ додаанд, Бритониё эълом карда, ки дар эътилофи низомӣ ба раҳбарии Иёлоти муттаҳида мушорикат хоҳад кард. 

Австралия низ аз баррасии мавзӯъи пайвастан ба ин эътилоф хабар додааст. Пештар гуфта шуда буд, ки Фаронса, Италия ва Дания “мувофиқати усулии” худро бо ин тарҳ эълом карда ва бархе аз дигар кишварҳои аврупоӣ ҳамчун Нидерланд низ дар ҳоли баррасии ин пешниҳод ҳастанд. 

Вазири умури хориҷаи Исроил сешанбеи гузашта аз омодагии ин кишвар барои пайвастан ба эътилофи низомии Халиҷ Форс ба раҳбарии Амрико хабар дода ва чунин мушорикатро дар ростои манофеъи Исроил ва дар ҷиҳати “боздорандагии Эрон” арзёбӣ карда буд. 

Вазорати умури хориҷаи Эрон ба ҳузури эҳтимолии Исроил дар ин эътилоф ба шиддат вокуниш нишон дода ва онро “таҳдиди ошкор алайҳи амнияти миллии Эрон” хондааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *