Рубрики Хабарҳо

Коруно: дар харид аз фурӯшгоҳ чӣ нуқотеро бояд риоят кунем?

Виктория Гейл, гузоришгари илмӣ, BBC News

Ёдатон меояд, ки ҳамин тозагӣ метавонистед барои харид ҳар чӣ дӯст доред, ҳар вақт, ки хостед ба фурӯшгоҳ ва супермаркет биравед? Аммо ал]он тавсия ин аст, ки рафтан ба фурӯшгоҳро то ҳадди мумкин коҳиш диҳед, камхатартарин роҳ барои харид дар фурӯшгоҳ, супориши онлайнии мавод ва ғизо ва гирифтани ғизои берунбар чист? 

Чӣ хатарҳое дар фурӯшгоҳ ҳаст

Фарди мубтало ба коруно, бо сурфа, қатракҳои ҳавоӣ ин вирусро пахш мекунад. Танаффус ин қатракҳо ва ё ламси сутӯҳи олуда ба ин вирус метавонад боиси сирояти он шавад. Ба ҳамин далел харид кардан дар фурӯшгоҳ, бахусус дар фурӯшгоҳҳои шулуғ, метавонад хатарҳое дошта бошад, ба ҳамин далел риояти фосилаи иҷтимоӣ, ҳадди ақал ду метр фосила бо дигарон, бисёр муҳим аст. 

Профессор Салли Блумфилд  аз донишкадаи беҳдошт ва тибби Лондон мегӯяд: “Супермаркетҳо метавонанд шароити идеалиро барои интиқоли ин вирус фароҳам кунанд. Афроди зиёде ба мавод даст мезананд онҳоро ҷо ба ҷо мекунанд. Дастгоҳҳои пардохт, кортҳои банкӣ, расиди харид ва ғайра ва албатта зиёдӣ наздик будан ба афрод дигар. Тамоми инҳо мумкин аст роҳи интиқоли ин вирус бошанд.” 

Роҳҳои костан аз хатари харид дар фурӯшгоҳ: 

Қабл ва баъд аз харид, дастҳоро 20 сония бо об ва собун шуста ё бо жилҳои алкулдор зидди уъфуни кунед. Ҳамеша фарз кунед тамоми сутӯнҳое, ки ламс мекунед олуда ҳастанд, яъне пас аз даст задан ба чарх ё сабади харид, аҷнос ва бастабандиҳо, дасттонро ба сураттон назанед. Агар имконаш ҳаст, аз равиши пардохт бо корти банкӣ бидуни тамос (contactless) истифода кунед. 

Оё аҷнос ва маводи ғизоӣ олуда ҳастанд? 

Ҳеҷ мадраке вуҷуд надорад, ки нишон диҳад COVID-2019 аз роҳи ғизо мунтақил мешавад. Пухтани комили маводи ғизои ин вирусро аз байн мебарад. 

Профессор Блумфилд мегӯяд: “Бояд дар назар дошта бошем, ки бастабандиро дигарон анҷом медиҳанд ва нуктаи нигаронкунанда ин аст.” 

Тибқи тавсияҳои онлайн барои машоғили марбут ба маводи ғизоӣ, “ба назар намерасад бастабандии маводи ғизоӣ хатари хоссе дошта бошад.” 

Бо ин ҳол, бархе аз коршиносон тавсияҳои дигаре мекунанд. 

Профессор Блумфилд мегӯяд: Маводи ғизои бастабандӣ шударо то 72 соат масраф кунед ё зарфи палостикӣ ё шишаҳои онҳоро бо доруи зиддиуъфунӣ дастмол бикушоед ва пок кунед (равиши истифода ё рақиқ карданро қабл аз масраф ба диққат бихонед ва бидонед). Маводи ғизои тоза ва бидуни бастабанде, ки мумкин аст дасти ҳаркасе ба он хӯрда бошадро ба диққат бо оби ҷорӣ шуста ва бигузоред хушк шаванд. 

Таҳвил гирифтани маводи ғизоӣ ва аҷнос дар хона 

Таҳвил гирифтани маводи ғизоӣ ва аҷнос дар хона ба далели тамос надоштан бо харидорони дигар, камхатартар аз рафтан ба мағоза аст. Танҳо хатар, олудагии эҳтимоли сутӯҳи маводи ғизоӣ ва бастабандиҳо ё шахси таҳвилдиҳандаи супориш аст. 

Доктор Лизо Окирли, веблогнавис ва мутахассиси саломати маводи ғизоӣ, пешниҳод мекунад, ки қабл аз таҳвил гирифтани супориш, ёддоштие бинависед ва аз ронанда бихоҳед занги дарро бизанд ва баъд ақиб боистад. Ин боис мешавад бидуни тамос бо ронанда супориши худро бардоред. 

Доктор Ҷеймз Гейл аз донишкадаи пизишкии Уорк мегӯяд: “Сутӯҳро бо маводи зиддиуъфуникунандаи рақиқ тамиз кунед. Ин кор дар як дақиқа вирусро ғайрифаъол мекунад ва хатари эҳтимоли вуҷуди  вируси рӯйи сутӯҳро аз байн мебарад.” 

Профессор Олисон Синклер, мутахассиси вирусшиносӣ аз донишгоҳи Соскс мегӯяд: “Хатари таҳвил гирифтани хариди онлайн бо хатари таҳвил гирифтани харид аз дӯстон ва ошноён яксон аст. Бархе коршиносон мегӯянд дар замони ҳамагирӣ беҳтар аст фақат аз кисаҳои палостики истифода кард. 

Супориши ғизо аз рестурон

Дар ҳоли ҳозир тақрибан тамоми рестуронҳо ғизоро берун аз рестурон таҳвил медиҳанд. Дар сурати риояти тавсияҳои беҳдоштӣ, ғизои тоза пухта дар рестурон камтарин хатарро дорад. 

Профессор Блумфилд  мегӯяд: “Барои кам кардани хатари олудагӣ, беҳтар аст бастабандии маводи ғизоиро боз карда ва онро дур бирезед. Баъд ғизоро дар зарфи хонагии тамиз ва муносиб рехта ва қабл аз хӯрдан дасти худро бо диққат бишуед. Дар шароити феъли шояд беҳтар бошад ғизои доғ ва тозапухта аз рестурон супориш диҳед ва аз ғизоҳои хом ва сард сарфи назар кунед. 

“Стандарти маводи ғизоии Бритониё таъкид мекунад, ки хатари интиқоли ин вирус аз роҳи ғизо кам аст ва супориши ғизо аз рестурон дар сурати риояти равишҳои саҳеҳи омодасозӣ ва пухти ғизо ҳеҷ хатаре надорад. Барои афроди мӯҳтот ё осебпазир, таҳия ва пухти дақиқ беҳтар аст. Масалан агар питзо супориш додаед, барои итминони хотири бештар, онро қабл аз хӯрдан ду дақиқа дар макровайв бигузоред.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *