Қарзи хориҷии Тоҷикистон соли ҷорӣ 140 млн доллар бештар хоҳад шуд. Бори аввал қарзи хориҷии кишвар аз марзи 4 миллиард доллар убур хоҳад кард.
Тибқи барномаи дарёфти қарзи хориҷӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 рӯи даст гирифтааст, афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз 3,96 млрд доллар дар 1 январи соли 2023 то ба 4,1 млрд доллар дар ҳамин давраи соли 2024 дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, муаллифони барнома коҳиши таносуби қарзи берунаро ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мутаносбан аз 41,6% то 40,9% пешгӯӣ мекунанд. Ин пешгӯӣ ба интизории афзоиши ҳаҷми ММД аз 9,53 млрд доллар дар соли 2022 то ба 10,4 млрд дар соли 2023 асос ёфтааст.
Дар соли ҷорӣ ҳукумат азхудкунии беш аз 300 млн доллар маблағҳои қарзӣ ва баргардонидани қарзи хориҷиро аз ҳисоби буҷет ба маблағи ҳудуди 253 млн доллар ба нақша гирифтааст.
Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин мебошад, ки қарз аз ин ниҳоди молиявӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои кишвар ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд ва қарзҳо аз евробондҳо низ зиёданд.
Ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ чандин маротиба ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки аз ҷалби қарзҳо бидуни имтиёз худдорӣ кунад.