Рубрики Хабарҳо

Боздошти чанд зан дар идомаи боздоштҳои рӯзҳои охир

Дар паи боздошти се рӯзи ахир, ки тибқи иттилоъи манобеъи гуногун аз 100 то 250 нафарро дар бар гирифтааст, имрӯз аз 5 то 10 нафар зан низ боздошт шудаанд. Иттиҳоми онҳо низ шабеҳи иттиҳоми мардони боздоштшуда гуфта мешавад.

Тибқи иттилоъи манбаъи мӯътамади Паём, ҳади ақал 5 ва то 10 зан имрӯз аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохила боздошт шуданд. Аз ҷумлаи боздоштшудаҳо як зан аз ноҳияи Файзобод, як нафар аз ноҳияи Ваҳдат ва чанд хонуми дигар аз шаҳри Душанбе дастгир шудаанд. 

Манбаъ мегӯяд ду нафари ин занонро шахсан мешиносад ва шавҳаронашон дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. 

Манобеъи дигар мегӯянд боздоштшудаҳо шадидан шиканҷа мешаванд, то маълумоти бештар дар бораи рафиқони дигарашон ироа кунанд. Онҳоро ба таъсиси як шабакаи пинҳонӣ муттаҳам мекунанд. 

Аммо манбаъи Паём мегӯяд, аксари онҳое, ки боздошт шудаанд дар ҳалқаҳои дарсие, ки то манъ шуданашон дар кишвар зиёд баргузор мешуданд, ширкат кардаанд. 

Як гурӯҳи кӯчаки онҳо баъди манъи ҳалқаҳои дарсӣ дар кишвар низ чанд маротиба бо ҳам нишастаанд ва баъди боздошту шиканҷаи онҳо ному насаби тамоми афроде, ки то соли 2015 дар ҳалқаҳои  дарсӣ ширкат мекарданд, дастрасӣ мақомот шудааст. “Ҳарчанд то он замон ҳалқаҳои дарсӣ мамнӯъ набуданд, барои мақомот ҳамин кофӣ буд, ки баҳонае барои нафарони мазҳабӣ пайдо кунанд” – гуфт манбаъ. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *