Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт ба омори пешниҳодкардаи вазорати тандурустӣ ва Агентии омор бовар надорад ва талаб кард оиди аз куҷо ба даст омадани чунин оморҳо дар парлумон гузориш дода шавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикитсон ба оморҳое, ки дар Тоҷикистон омода мешаванд изҳори шубҳа кард ва хостори дақиқ кардани меъёрҳое шуд, ки тибқи он омор ба даст меоянд.
“Ман медонам, ки омор дар Тоҷикистон чӣ хел ба даст меояд ва бо кадом меъёрҳо кор мекунад. Бинобар ин аз вазорати тандурустӣ талаб мекунам дар бораи меъёрҳои муайн кардани камбизоатӣ дар кишвар барои парлумон ҳисобот омода кунад” — изҳор кард ӯ.
Ба гуфтаи раиси парлумон, ҳеҷ кас дар кишвар огоҳ нест, ки камбизоатон аз рӯи кадом меъёрҳо муайян карда мешаванд.
“Ба назари ман, агар Вазорати тандурустӣ дар як деҳа аз сад оила 6 оиларо камбизоат эътироф кард ва ба онҳо кӯмаки иҷтимоӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ ҷудо карда мешавад, дар ин бора бояд ҳамаи аҳолии он деҳа донанд ва бо он розӣ бошанд” — гуфт Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон мутмаин аст, оилаҳое ёфт мешаванд, ки дороиҳои худро аз давалт пинҳон мекунанд, то кӯмаки 400 сомонӣ ($45) дар солро дарёфт кунанд ва дар натиҷа оилаҳои воқеъан эҳтиёҷманд аз ин кӯмак бенасиб мемонанд.
Шариф Раҳимзода, раҳбари Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод зимни баромадаш қайд кард, ки боло ё поёнравии сатҳи камбизоатон дар кишварро Агентии омор дар натиҷаи пурсизе, ки ҳар семоҳа мегузаронад, муайян мекунад.
Дар ҳамин ҳол Агентии омор яке аз дурӯғгӯтарин ниҳодҳои давлат шумурда мешавад. Барои мисол ин ниҳод ҳар сол аз таъсисёбии садҳо ҳазор ҷои корӣ маълумот медиҳад, ки шумори умумии ин ҷойҳои корӣ аз шумори аҳолии кишвар кайҳо гузаштаанд. Вале дар аст без аз 2 миллион нафар ҳар сол барои кор ба хориҷ аз кишвар мераванд.