Бритониё ба таври фаврӣ ҷузъиёти марбут ба гузоришҳо дар бораи истифодаи силоҳи кимиёвии Русия дар шаҳри Мариуполи Украинаро таҳқиқ мекунад.
Дар ин бора, Элизабет Трасс, вазири корҳои хориҷии Британия дар саҳифаи твиттерии худ маълумот дод.
“Нерӯҳои Русия дар ҳамла ба сокинони Мариупол аз маводи кимиёвӣ истифода кардаанд. Мо ба таври фаврӣ бо шарикон барои тафтиши ҷузъиёт кор карда истодаем.» — қайд кардааст Элизабет Трасс.
Вай таъкид карда, ки ҳама гуна истифода аз ин силоҳ боиси авҷ гирифтани низоъ хоҳад буд ва Путин ва режими ӯ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.»
Гуфтанист, бино ба маълумоти расонаҳои украинӣ дар Мариупол низомиёни рус моддаи заҳролудеро аз ҳавопаймои бесарнишин партофтаанд.
********
Гурҷистон ва Молдова барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо дархост гирифтанд
Ҳуҷҷатҳоро Комиссари Аврупо оид ба густариш ва сиёсати ҳамсоягӣ Оливер Вархели ба вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо супурдааст.
«Ин қадами аввалини шумо дар роҳи Аврупост. Мо омодаем, ки хеле зуд кор кунем, то мавқеъи Комиссияи Аврупоро дар мавриди дархостҳо ба Шӯрои ИА пешниҳод кунем», — гуфтааст Вархели.
***
Шурӯ аз имрӯз аз Узбекистон ба Қазоқистону Тоҷикистон ҳаракати автобусҳои байналмилалӣ оғоз мешавад.
Вазорати нақлиёт ҷадвали хатсайрҳо ва нархҳоро эълон кард. Дар аввал ифтитоҳи 5 хатсайр дар назар аст.
***
Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки фаъолияти You Tube дар Русия даҳ сол манъ карда шавад
Муаллифи ин ташаббус депутат аз вилояти Крим Алексей Черняк мебошад. Ба гуфтаи ӯ, нақши видеохостингро «ба зудӣ хидматрасонии маишӣ ишғол мекунад».
Қаблан Мария Захарова гуфта буд, ки YouTube «ҳукми худро имзо кардааст» ва тавсия додааст, ки мундариҷаро ба платформаҳои Русия интиқол диҳанд.
***
Итолиё созишнома дар бораи тақрибан 50 дарсад афзоиш додани воридоти газ аз Алҷазоирро имзо кард
Марио Драгӣ, нахуствазири Итолиё гуфт, тавофуқҳое, ки дар ҷараёни боздидаш аз Алҷазоир ҳосил шуда буданд, як қадами муҳим дар талоши Итолиё барои коҳиши вобастагии худ аз гази Русия аст.
Ҳукумати Италия ба таври фаъол роҳи иваз кардани гази Русияро бидуни зарар ба истеъмоли дохилӣ ҷустуҷӯ мекунад. Бо ин мақсад имконоти интиқоли газ аз Озарбойҷон, Қатар, Конго ва ғайра баррасӣ мешавад.
***
Вазири молияи Украина, Сергей Марченко аз кишварҳои ғарбӣ кумаки молӣ талаб кардааст.
Дар мусоҳиба бо рӯзномаи Financial Times ӯ гуфт, ки Украина ҳоло дар «бадтарин вазъи молӣ» қарор дорад — ба даҳҳо миллиард доллар ниёз дорад.
«Кишвар аллакай як қатор хароҷотро коҳиш додааст, аммо ин ҳам камомади ба вуҷуд омадаро пушонда наметавонад», — гуфт вазир.
Марченко таклиф кард, ки ҳисоби махсус кушода шавад, ки ташкили онро бояд Хазинаи байналхалқии валюта тасдиқ кунад.
***
Дар як корхонаи кимиёвӣ дар Ҳиндустон таркиш ба амал омад.
Бар асари таркиши пурқувват дар як корхонаи кимиёвӣ дар Бҳаруҷи иёлати Гуҷароти Ғарбӣ шаш нафар кушта шуданд.
Таркиши яке аз реакторҳо субҳи барвақт дар корхонаи Om Organics, ки ба раванди дистиллятсияи ҳалкунандаҳо машғул аст, рух додааст.
Бар асари таркиш дар корхона сӯхтори бузург ба амал омадааст.
***
Хорватия талаб кардааст, ки 18 дипломати рус ва шаш корманди маъмуриву техникии сафорати Русия дар Загреб ин кишварро тарк кунанд. Дар ин бора бо истинод ба вазорати хориҷаи Хорватия хабаргузории Jutarnji list хабар додааст.
Вазорат таҷовузи Русия ба Украина ва ҷиноятҳои сершумори онро шадидан маҳкум карда, аз Маскав хостаанд, ки амалиёти ҷангиро қатъ кунад ва нирӯҳои Русияро аз қаламрави Украина берун кашад. Ҳамчунин эвакуатсияи фаврии мардум ва интиқоли кумакҳои башардӯстонаро таъмин кунад.
***
Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс хабар дод, ки дар Гуанчжоуи Чин, мактабҳо аз сабаби COVID-19 баста шуданд ва дастрасӣ ба шаҳр маҳдуд карда шуд.
Дар шаҳри саноатии Гуанчжоуи Чин, ки 18 миллион аҳолӣ дорад, ба далели афзоиши мавориди сирояти коронавирус як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.
Дастрасӣ ба шаҳр тақрибан комилан маҳдуд аст, тарк кардани шаҳр танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми манфӣ будани санҷиши PCR иҷозат дода мешавад. Дарси синфҳои ибтидоӣ ва миёнаи мактабҳо ба шакли фосилавӣ гузаронида шуд. Санҷиши оммавии сокинони шаҳр барои COVID-19 идома дорад.