Дар Челябински Русия, дар як бошгоҳи компютерии воқеъ дар маркази хариду саргармии «Космос», ҷанҷоли навҷавонон рух дод, ки ба кордзанӣ дар хиёбон тамом шуд.
Дар натиҷа як хонандаи руси синфи ёздаҳум дар роҳ ба бемористон фавт кард. Се ҷавон — Шаҳрон Миров ва 2 бародар дугоники ӯ, ки дар Академияи пулиси шаҳри Челёбинск таҳсил мекарданд ба гумони қатл дастгир шуданд. Дугоникҳо ҳамагӣ 17 сол доштанд.
Дастёри калони раиси Кумитаи таҳқиқоти минтақаи Челябинск Владимир Шишков гуфтааст корҳои таҳқиқотӣ бо ҳадафи ҷамъоварӣ шавоҳид дар ҳоли анҷом аст.
Тибқи навиштаи 74.ru, ҳама ширкаткунандагон дар даргирӣ шаҳрвандон Федератсияи Русия ҳастанд, аммо ҷавонони боздоштшуда тоҷик ва хонандаи кушташуда рус аст.
Дар ҳамин ҳол, ваҷҳи қавмӣ доштани ин даргирӣ рад шуда, гуфта мешавад, ки бачаҳо муддатҳост ҳамдигарро мешинохтанд ва бо ҳам даргирӣ доштанд.
Баъди ин куштор дар вилояти Челябинск тафтиши саросарии муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ афтодааст, ки жар он Вазорати дохила, Хадамоти федералии амният (ФСБ) ва мақомоти сарҳадбонӣ бо пайгирии ОМОН ширкат мекунанд. Гуфта мешавад ҷойҳои корӣ, хоб ва ҷамъшавии муҳоҷирон мавриди тафтиш қарор хоҳад гирифт.