Рубрики Хабарҳо

Талоқ дар шаби аввал

Баъзан бо пешомадани сабабҳои муайян, дар шаби аввал домод арӯсашро талоқ медиҳад. 

Пас аз ақди никоҳ, агар домод фаҳмад, ки арӯсе, ки ба ӯ таъриф кардаанд, дигар буду ин арӯсаш шахси дигар аст, мисли ин ки духтаракро ҷавон гуфта буданд, аммо арӯс аз синни соли шунидааш, бузургтар будааст ва ё солим гуфта буданду арӯс бемор будааст ва ё бокира гуфта буданд, аммо арӯс бокира набудааст, дар ин ҳолат домод ҳақ дорад,  арӯсро талоқ диҳаду тамоми хароҷоти ба арӯс кардаашро бозситонад. Дар ин масъала ягон хилофе байни уламо вуҷуд надорад.

Аммо, агар арӯс ягон айбҳои ҷиддӣ ба мисли беморӣ ва ё бероҳагӣ надошта бошаду домод ба сабаби  берағбатӣ ва ё адами муҳаббат нисбати духтар дар шаби аввал арӯсро талоқ диҳад, дар ин вақт ба гуфтани калимаи талоқ байни домоду арӯс талоқ воқеъ мегардад.

Агар домод бо арӯс танҳо ба танҳо хилват нанишаста, инчунин ҳамбистарӣ накарда, талоқ диҳад, дар ин ҳолат бо гуфтани калимаи талоқ арӯс бояд аз хонаи домод биравад, зеро бо арӯс хилват накарда, ҷимоъ накарда, талоқ додан, агарчӣ як талоқ бошад ҳам, домоду арӯс ба ҳамдигар куллан номаҳрам мегарданд ва дар як хона зиндагӣ кардан барояшон ҷоиз нест.

Вақте домод ба арӯс наздикӣ накарда, хилват нанишаста, талоқ медиҳад, барои арӯс ягон идда вуҷуд надорад. Арӯс метавонад иддаеро интизор нашуда, ба каси дигар ба шавҳар барояд.

Аллоҳ дар Сураи Аҳзоб ояти 49 мефармояд:

يا ايها الذين امنوا اذا نكحتم المؤمنات ثم طلقتموهن من قبل ان تمسوهن فما لكم عليهن من عدة تعتدونها 

Эй касоне, ки имон овардаед, агар занҳои мӯъминаеро ба никоҳатон гирифтед, сипас ба онҳо наздикӣ накарда, талоқ додед, дар ин ҳолат барои он занҳо ягон идда вуҷуд надорад.

Ояти карима ба таври возеҳ баён мекунад, ки зане, ки шавҳараш ба ӯ наздикӣ накарда, талоқ медиҳад, мунтазири ҳеҷ иддае намегардад.

Ва, агар дар вақти никоҳ барои зан маҳри муайяне таъин шуда бошад, барои домод воҷиб аст, нисфи он маҳри гуфташударо ба арӯси даст нарасонида, талоқ додааш бидиҳад. Аллоҳ дар сураи Бақара ояти 237 мефармояд:

و ان طلقتموهن من قبل ان تمسوهن وقد فرضتم لهن فريضة فنصف ما فرضتم

Агар шумо занҳоро ҳанӯз даст нарасонида, талоқ дода бошед, дар ин ҳангом барои шумо фарз аст, нисфи маҳре, ки дар ақди никоҳ гуфта будед, барояшон бидиҳед.

Аллоҳ баён мекунад, ки маҳре, ки дар ақди никоҳ гуфта шуда буд, домод бояд нисфи онро ба арӯси наздикӣ накарда, талоқ додааш бидиҳад. Агар дар никоҳ маҳри арӯс чорсад дулор таин шуда бошад, домод бояд ба арӯси талоқ додааш 200 дуллор пардохт кунад. Аммо, агар хешовандони арӯс соҳибони фазлу ҳиммат бошанду на, мо ягон маҳре аз домод намехоҳем, гӯянд ва ё баръакс, агар домод гӯяд, ки ман дили духтаракро шикастам, ба як оила зарари маънавии ҷиддӣ расонидам, ман нисфи маҳр неву тамоми маҳрро ба духтарак медиҳам, агарчӣ ба ӯ наздикӣ накарда бошам ҳам, ин беҳтару авлотару ахлоқи тақводорону солеҳон аст, барои он ки дар давоми оят Аллоҳ мегӯяд:

الا ان يعفون او يعفو الذي بيده عقدة النكاه و ان تعفوا اقرب للتقوى و لا تنسو الفصل بينكم ان الله بما تعملون بصيرا

Занҳое, ки наздикӣ накарда, талоқ додед, ба онҳо нисфи маҳри ваъда кардаатонро бидиҳед, магар ин ки худи арӯс ва ё валии арӯс аз маҳр даст кашанд ва ё домод нисфи маҳр неву маҳри комилро бидиҳад, ки албатта маҳри комил додани домод ва ё тамоми маҳрро бахшидани арӯс ба тақво наздиктар аст ва шумо, эй мӯъминон некӣ кардан ба ҳамдигару бахшояндагиро фаромӯш накунед, албатта Аллоҳ ба аъмоли шумо биност.

Субҳаналлоҳ, оятҳои Илоҳӣ куҷо ҳастанду ҳоли ҷомеаи мо куҷост. Аллоҳ дар оятҳояш амр мекунад, то пас аз талоқ бо ҳамдигар ду оила накӯкор бошанд, ҳаққи молии ҳамдигарро бубахшанд, талоқ боиси адовату бадбинии тарафайн нагардад. Мо бошем, ба маҳзи аз ҳамдигар ҷудо шудан тамоми некии ҳамдигарро фаромӯш мекунем, чӣ расад аз ҳаққи ҳамдигар гузаштан, ҳатто то охирин беарзиштарин ҳадияҳоро аз якдигар меситонем. Агар аз рӯи Қуръону гуфтаҳои Илоҳӣ амал мекардем, адовату бадбиниҳо кайҳо аз байн мерафтанд.

Вақте маҳри муайяне дар никоҳ зикр шавад, дар ҳоли наздикӣ накарда талоқ додан, домод бояд нисфи он маҳрро диҳад. Аммо, агар ҳангоми ақди никоҳ, ягон маҳри муайяне зикр нашавад, дар ин ҳолат ба ҷои маҳр домод ба шароити иқтисодии худ нигоҳ карда, миқдори молеро барои хушҳол кардани духтар медиҳад. То хотири шикастаи арӯс ҷуброн шавад.

 Аллоҳ дар сураи Аҳзоб ояти 49 мефармояд:

يا ايها الذين امنوا اذا نكحتم المؤمنات ثم طلقتموهن من قبل ان تمسوهن فما لكم عليهن من عدة تعتدونها فمتعوهن و سرحوهن سراحا جميلا

Эй шахсоне, ки имон овардаед, агар занҳои мӯъминаро ба никоҳатон гирифтед, сипас ба онҳо наздикӣ накарда, талоқ додед, дар ин ҳангом барои он занҳо ягон иддае вуҷуд надорад, ба онҳо миқдори молеро бидиҳед, то харҷи зиндагии худ кунанд ва аз онҳо бо беҳтарин рафтору муносибат ҷудо шавед.

Аллоҳи меҳрубон мардҳоро амр мекунад, то ҳангоми талоқ агарчӣ ба духтарак даст нарасонида бошанд ҳам, миқдори молеро диҳанд, сипас бетаънаву маломат бадгӯиву тӯҳмат, балки калимаҳои зебову муомилаи нек ҷудо шаванд.

Ин гуфтаҳо оиди талоқе буд, ки домоду арӯс бо ҳам ҳанӯз хилват нанишаста, домод арӯсро талоқ медиҳад. Аммо, агар домоду арӯс пас аз никоҳ муддате танҳо ба танҳо хилват монда бошанд, он гунае, ки барои ҳамбистар шудан ягон монеае эҷод нашуда бошад, дар ин ҳолат агарчӣ дар байн ҷимоъ вуҷуд надошта бошад ҳам, мард барои зан маҳри комил мепардозад ва арӯс иддаи худро мунтазир мегардад.

Барои он, ки хилват мондани арӯсу домод муқаддимаи ҷимоъ аст ва бо гуфтаи саҳобагону уламо, мард бояд маҳри комил пардохт кунад ва зан иддаи худро интизор шавад. Аммо иддаи худро зан дар хонаи домод неву балки дар назди хонаводаи худаш интизор мешавад.

Дар Муснади Имом Аҳмад омадааст,  Хулафои Рошидин ингуна қазоват мекарданд:  Агар пас аз никоҳ пардаҳо пӯшида шавад ва дарҳо қулф карда шавад, сипас домод арӯсро талоқ диҳад, агарчӣ ҷимое вуҷуд надошта бошад ҳам, ба арӯс маҳри комил ва идда воҷиб аст. То гузаштани идда арӯс ҳақ надорад, ба шахси дигаре ба ҳамсари барояд, агарчӣ бо домоди пештара ягон маҳрамияте надошта бошад.

Дар ҳарду ҳолат хоҳ хилват шуда бошад, хоҳ на, агар домод ба арӯс наздикӣ накарда, талоқ диҳаду сипас боз баргардониданӣ шавад, дар ин ҳолат маҳри нав, никоҳи нав ва ризогии арӯс ва валиаш ҳатми мебошад. Барои он ки ҳар вақте ки мард ба арӯс наздикӣ накарда, талоқ медиҳад, он талоқ талоқи боини суғро аст, талоқе,  ки агар тамоми робитаҳои домоду арӯсро вайрон мекунад ва ба ҳамдигар куллан номаҳрам мегарданд ва агар мабодо дубора якҷо шуданро хостанд, ҳатман никоҳи нав зарурист.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *