Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз 47 кишвари дуру наздики ҷаҳон кӯмаки башардӯстона дарёфт кардааст. Маблағи умумии садақаҳои гирифтаи Тоҷикистон ба $35,4 млн. баробар аст.
Тибқи иттилоъи Агентии омори кишвар, ҳаҷми кӯмакҳои ба Тоҷикистон воридшуда 13,5 тонро ташкил додааст.
Дар марҳалаи зикруда ба кишвар ба ҳайси кӯмаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ ва ғайра ворид шудааст.
Байни кишварҳое, ки бештар аз ҳама ба Тоҷикистон садақа кардаанд Русия (34,8%), Чин (30,7%), Суис (8%) Ҳинд (3,8%) қарор доранд.
Мақомоти Тоҷикистон аз пурсаидан ва гирфтани садақа аз ҳеҷ кишваре парҳез намекунанд. Қаблан кишвар ҳатто аз Афғонистони ҷангзада садақа дарёфт карда буд.
Дар ҳамин ҳол аксари кӯмакҳои воридшуда ба Тоҷикистонро ҷуз мансабдорон касе намебинад. Солҳост, ки мардум на орд ва на равғани растанӣ ва на ҳатто дорувории кӯмакиро надидааст.