10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Наврасони тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми Назабоев ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд

Дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-16” ҳарифони худ аз кишвари мизбонро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ баромад

Федератсиюни футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст, бозии наврасони тоҷику қазоқ бо ҳисоби 2-1 бо пирӯзии наврасони тоҷик анҷомид. Голи аввалро Алишер Раҳимжанов, ҳамлагари дастаи Қазоқистон бо зарбаи 11-метрӣ дар дақиқаи 27-ум задд.

Аммо Раҳматшо Раҳмадзода, ҳуҷумкунандаи тими Тоҷикистон баъди ним соат ҳисобро баробар карда, Дар дақиқаи 83-юм Муҳаммадворис Сайдалиев голи дуюмро вориди дарвозаи қазоқҳо намуд.

Наврасони тоҷик дар бозии аввалашон бар тими наврасони Арманистон –  “U-17” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда буданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонда буданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа барои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон – “U-17” ва  Литва – “U-16” бозӣ мекунад.

Тими миллии футболи  наврасони то 16 солаи Тоҷикистон бар дастаи ҳамсолонашон аз Арманистон бо ҳисоби 2:1 дастболо шуд ва мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистонро дар шаҳри Нурсултон бо ғалаба оғоз намуд.

Тавре дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ додааст, голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонданд. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ беҳтарин бозингари ин дидор дониста шуда, бо мукофоти махсус қадрдонӣ шуд.

Тибқи иттилоъи манбаъ  имрӯз – 26 август, дар даври ҷамъбастӣ футболбозони навраси Тоҷикистон бо тими наврасони Қазоқистон, ки дар даври аввал бо Арманистон мусовӣ – 2:2, бозӣ карда буд, вомехӯранд. Тими Тоҷикистон дар сурати мусовӣ ё ғалаба ба финали мусобиқа роҳ меёбад ва бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон ё Литва  бозӣ мекунад.

ЛЕОНАРДО ДА ВИНЧИ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *