Дар шимоли Тоҷикистон корҳои навсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо сармояи 196 миллион доллари Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо шурӯъ шудааст.
Ба гуфтаи Елена Ахмедова, сухангӯи Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо, неругоҳи Қайроққум 60 соле қабл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, пас аз анҷоми навсозии агрегатҳои он тавлиди барқ дар неругоҳ аз 126 МВт то 174 МВт афзоиш хоҳад ёфт.
Феълан неругоҳи Қайроққум беш аз ним миллион нафар аз сокинони кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.