Бонки осиёи рушд дар се соли оянда барои дастгирии рушди Тоҷикистон ҳудуди $400 млн ҷудо хоҳад кард.
Дар ин бора ба хабарнигорон намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава хабар дод. Ӯ гуфт, миқдори ниҳоии маблағи кӯмак аз вуҷуди маблағ дар бонк ва омодагии пружаҳо вобаста аст, ҳамчунин имкони шарикӣ ва сармоягузории якҷоя аз тарафи дигар созмонҳо.
Нақшаи сармоягузорӣ пружаҳои тақвияти таҷрибаи корӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика, зерсохтҳои шаҳрӣ, нақлиёт, беҳтарсозии зерсохтҳо, дастгирии рушди бахши молия ва беҳтарсозии идоракунии захоири обиро дарбар мегирад.
Ҳамчунин БОР дар радифи дастгирии пружаҳои давлатӣ, имкони сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ дар зироаткорӣ, бахши молия ва дигар соҳаҳоро ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Бонки осиёии рушд ҳамчунин нақша дорад пружаҳои рушди сайёҳӣ, азнавсозии долонҳои калидии автомобилӣ, рушди зербиноҳои шаҳрӣ, беҳтарсозии муқовамат ба офатҳои табиӣ ва ислоҳоти фазои сармоягузориро баррасӣ мекунад.
Намояндаи доимии БОР қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир бонк танҳо дар асоси грант маблағ ҷудо мекунад. Принсипи “50 дарсад қарз, 50 дарсад грант” баъди он ба амал хоҳад даромад, ки вазъ тағйир ёбад ва таҳлилҳо пойдории мусбатро нишон диҳанд.
Прадип Сривастава ҳамчунин хабар дод, ки портфели ҳозираи БОР дар Тоҷикистон
$780 млн-ро ташкил медиҳад. Он 16 пружаи қарзӣ ва грантӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, зерсохтҳои шаҳрӣ, маориф ва ғайраро дарбар мегирад.
БОР яке аз бузургтарин кӯмакунандагони Тоҷикистон аст. То имрӯз ин бонк барои Тоҷикистон дар ҳаҷми $1,8 млрд кӯмак дар шакли қарз, грант ва кӯмаки техникиро тасвиб кардааст.