Файзулло Ҳакимов, фармондеҳи яке аз воҳидҳои нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Иттиҳоми ин фармондеҳ сӯистифода аз мақоми фармондеҳӣ ва фаро рафтан аз ваколати хидматӣ унвон мешавад, ки сабаб шуда, Ҳусниддин Тоҳиров, як сарбоз даст ба худкушӣ занад.
Мақомоти додситонии низомии минтақаи Кӯлоб боздошти ин фармондеҳ ва ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳашро тасдиқ кардаанд, аммо аз додани тавзеҳ дар бораи ҷузъиёти ин парванда худдорӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки сарбоз Ҳусниддин Тоҳиров, ба хотири аз ӯҳдаи иҷрои фармони Файзулло Ҳакимов, на баромаданаш бо хӯрдани заҳр даст ба худкукшӣ задааст, ки акнун дар бемористони шаҳри Кӯлоб бистарӣ аст.
Сарбоз Ҳусниддин Тоҳиров ҳашт моҳ қабл ба хидмати сарбозӣ даъват шуда буд.
Пизишкон гуфтаанд, ки ҳоли ин сарбоз пас аз кӯмакҳои аввалия беҳбуд ёфтааст.
Бар асоси қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон, дар сурати исботи иттиҳоми Файзулло Ҳакимов, додгоҳ метавонад ӯро аз 5 то 8 сол ба зиндон маҳкум кунад.