Рубрики Хабарҳо

УРУГВАЙ

Шуморо намедонаму аммо ман номи ҳамин давлатро шунавам, пеши назарам майдони бузургу сабзи футбол намудор мешавад. Шореҳи хабарҳои варзишӣ низ доимо батакрор ҳамин номро мегирад – Уругвай. 

Номи расмиаш Ҷумҳурии шарқии Уругвай аст, ки дар қисмати шарқи дарёи Уругвай ва дар ҷанубу-шарқии Амрикои Ҷанубӣ, дар соҳили уқёнуси Атлантик  воқеъ гаштааст. Аз самти шимол бо Бразилия, аз ғарб бо Аргентина ва аз шарқ чӣ хеле, ки гуфтем дар соҳили уқёнуси атлантик мавқеъ пазируфтааст. Марзи хушкӣ  дар масофаи 1564 км тӯл кашидааст, соҳили уқёнус бошад 660 км.  

Масоҳати умумиаш 186 ҳазору 215 км мураббаъ,  дар дунё ҷойи 88-умро ҷиҳати бузургии масоҳат ишғол мекунад, саршумори аҳолиаш 3 миллиону 483 ҳазор нафар то соли 2019.  Асъори миллиаш пйесо, забони расмии давлатӣ – испанӣ, код- 598, пойтахташ шаҳри овозадори Монтевидио. Шаҳрҳои калонтаринаш Салто, Сюдад де ла коста, Пайсанто, Лас-пйедрас, Ривера, Малдонадо ва ғайра.  

Дини давлатӣ надорад ва давлат вазифадор нест, ки ташкилотҳои динии ин ё он динро дастгирӣ кунад. Мувофиқи моддаи 5-уми Сарқонуни кишвар интихоби дин барои шаҳрвандони Уругвай мутлақо озод аст. Бештари мардум ба дини насронии шохаи католикӣ гаравидаанд, ки 66%-ро католикҳо ташкил медиҳанд. Протестантҳо, агар ҳамаи шохаҳои ҷудогонаашро ҳам ҷамъ кунем, 2% – ташкил медиҳанд. Яҳудиён 1% ва бединон 31%. 

Сохти давлатдорӣ

Роҳбари кишвари Уругвай президент буда, дар давоми 5 сол ба мардум хизмат мекунад, яъне давлатро идора мекунад. Интихоби президент низ аз ҷониби аҳолӣ суръат мегирад ва маротибаи дувум интихоб шудани ҳамон як президент қонунан мутлақо манъ аст, ба ҳар ҳол давлат подшоҳӣ нест. Роҳбари кунунии кишвар Табаре Вескес.

Парламент – Ассамблеяи Генералии дупалатагӣ.

Палатаи болоӣ – Сенат (30 ҷой). Депутатҳо аз рӯи системаи пропорционалӣ интихоб карда мешаванд.

Палатаи поёнӣ – Палатаи намояндагон (99 ҷой). Депутатҳо аз рӯи системаи пропорционалӣ интихоб карда мешаванд, дар ҳар як шӯъбаи Уругвай аз ҳадди аққал 2 аъзо дар палата намояндагӣ мекунанд.

Мӯҳлати ваколати вакилони Маҷлиси Умумӣ 5 сол аст.

Маориф

Системаи маорифи Уругвай дар рейтинги байналмилалӣ мавқеи бениҳоят баландро ишғол мекунад. Ҷониби хеле бартарии  система дар он аст, ки таълими ройгон дар ҳама сатҳҳо – аз таълими томактабӣ ва ибтидоӣ то таҳсилоти олӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои кишвар таъмин аст. Ин қонун на танҳо барои шаҳрвандони Уругвай, балки барои онҳое, ки ба қарибӣ ба ин кишвар омадаанд, эътибор дорад. Ҳатто бидуни гирифтани иҷозатномаи истиқомати расмӣ, шумо метавонед ҳуҷҷатҳоро ба ягон муассисаи таълимӣ пешниҳод кунед ва ба таҳсил оғоз кунед. Барои довталабони хориҷӣ низ таҳсил дар ҳамаи зинаҳои мактабу донишгоҳ ройгон аст. 

Азбаски Уругвай муддати тӯлонӣ инқилобҳо, ҷангҳо ва тағирот дар системаҳои иқтисодиро надошт, сохтори ҷомеа бе ягон вайронкунӣ мувозинат ёфтааст. Ба шарофати ин, маълумоти олии маҳаллӣ аллакай сатҳи муайяни даромад ва мансубияти синфи миёнаро кафолат медиҳад. Хусусан, агар он ихтисоси дорои иҷозатнома / сертификатсияшуда бошад. 

Иқтисодиет

Уругвай яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкардаи Амрикои Лотинӣ  мебошад. ММД ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар соли 2019 22,4 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки ин миқдор ҷои 2-юмро  дар Амрикои Лотинӣ ва ҷои 60-ум дар ҷаҳон нишон медиҳад. Соҳаҳои пешрафтаи кишоварзии Уругвай хусусан кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошанд. Соли 2002 дар кишвар 11,7 миллион сар чорвои калони шохдор, 11,2 миллион сар гӯсфанд ва 48,6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда шуд. Гандум, биринҷ, овёс, ҷавдор, ҷав аз зироатҳои ғизоӣ ва аз зироатҳои саноатӣ пахта ва найшакар парвариш карда шуд. Ҳамзамон, 9% коргарон дар соҳаи кишоварзӣ, 15% дар саноат ва 76% дар соҳаи хидматрасонӣ кор мекунанд. Вақтҳои охир туризм ва бонкдорӣ дар иқтисодиёт нақши муҳим бозиданд. Бузургтарин бонк дар кишвар Бонки Ҷумҳуриявии  Шарқии Уругвай мебошад, ки дар гузашта (то соли 1967) он ҳамчун бонки марказии кишвар хидмат мекард ва дорои шабакаи васеътарини филиалҳо буд. Инчунин бонкҳои махсусгардонидашуда мавҷуданд: Бонки Ипотекаи Уругвай ва Бонки Кредитии Уругвай. 

Тақрибан 75% тамоми корхонаҳо дар пойтахт, шаҳри Монтевидео мутамарказ шудаанд.

Ҳадди ақали музди меҳнати аҳолии  Уругвай дар Амрикои Лотинӣ баландтарин аст. Аз моҳи январи соли 2017 музди меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳо 10% бардошта шуда буд, соли 2018 9,8%  боло рафт. Ин қабил ҷаҳиши музди меҳнат хеле назаррас буд дар соли 2005, ки якбора 55% бардошта буданд. Ана ҳамин тариқ мардуми кишвари Уругвай аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле пешрафтаанд. 

Акнун диққат диҳед ба маводҳои содиротиву воридотии кишвар, ки хазинаи ин давлатро то рафт васетар мекунанд. 

Содироти назаррастарини  Уругвай инҳо мебошанд: Сулфати селюлоза (1,43 миллиард доллар), Гӯшти гов (1,14 миллиард доллар), Лӯбиё (671 миллион доллар), биринҷ  (464 миллион доллар) ва Гӯшти гов (391 миллион доллар),Воридоти беҳтарини он инҳоянд: нафти хом (955 миллион доллар), маҳсулоти нафтӣ (683 миллион доллар), мошинҳо (416 миллион доллар), таҷҳизоти пахши радио (290 миллион доллар) ва мошинҳои боркаш (217 миллион доллар).

Беҳтарин самтҳои содиротӣ инҳоянд: Уругвай Хитой (2,02 миллиард доллар), Бразилия (1,32 миллиард доллар), Нидерландия (492 миллион доллар), ИМА (474 миллион доллар) ва Аргентина (452 миллион доллар). Сарчашмаҳои беҳтарини воридотӣ Бразилия (2,45 миллиард доллар), Чин (1,71 миллиард доллар), Аргентина (1,18 миллиард доллар), ИМА (975 миллион доллар) ва Мексика (231 миллион доллар) мебошанд.

Акнун дар поёни барномаи имрӯза каме маълумотҳои ҷолиб дар бораи кишвари Уругвай ҷамъ овардаем ва онро бозгӯ мекунем. Уругвай хурдтарин давлат дар Амрикои Лотикӣ аст. Ин кишвар яке аз аввалинҳо шуда истифодаи сигорро дар ҷойҳои ҷамъияти мутлақо манъ намудааст. Барои вайрон кардани қонун ба андозаи 1000 доллар ҷарима меситонанд. Бо шиносномаи Уругвай ба тамоми давлатҳои дунё бидуни раводид сайр кардан мумкин аст. Тақрибан 88% аҳолии Уругвай насли аврупоиҳо, асосан испанҳо ва итолиёҳо мебошанд. Кишвар дорои таълими ройгон ва тибб аст. Ба кӯдакон дар мактаб ноутбукҳо ҳам ройгон  дода мешаванд. Маъмултарин намуди варзиш дар Уругвай футбол мебошад. Даъват ба сафи артиш дар Уругвай шартномавист, яъне маҷбурӣ нест. Уругвайҳо президенти қаблиашон Хосе Алберто Муҳикоро хеле дӯст медоранд ва ӯро “фақиртарин президенти ҷаҳон” меноманд, зеро вай 90% маоши худро ба садақа хайр карда, камтар аз ҳазор долларро барои ҳаёташ сарф мекунад. Ӯ дар як хонаи кӯҳна бо модараш зиндагӣ мекунад ва мошинаш ҳам кӯҳна аст. Аммо худи президент Хосе Муҳико дар ин бора чунин гуфта буд, ки маро президенти камбағалтарини дунё мегӯянд, аммо ман ҳаргиз камбағал набудам. Камбағал ҳамонҳое мебошанд, ки як умр барои ҷамъ кардани сарват кор карданду, бурданду мебаранду боз ҳам сер намешаванд. 

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *