Рубрики Хабарҳо

Нахустин ҷаласаи парлумони нави Украина

Дар Киев ҷаласаи нахустини Рада ё парлумони Украина баргузор шуд. 424 вакил савганд ёд кард. Дар маҷмӯъ, парлумони Украина аз 450 курсӣ иборат аст, вале дар ҳавзаҳои Қрими ишғолшуда ва минтақаи берун аз назорати ҳукумати Украина дар Донбасс интихобот баргузор нашуд. Аксариятро дар парлумони Украина намояндагони ҳизби ҳокими «Хидматгори халқ» ташкил медиҳанд. Дар ҷаласаи аввали парлумонӣ президент Владимир Зеленский иштирок кард.

Ҳизби ҳокими Хидматгори халқ 254 курсии парлумониро соҳиб аст.. Дар ҷаласаи аввали парлумонӣ эълон шуд, ки аъзои ҳизби «Хидматгори халқ» эътилофи ҳокимро таъсис доданд. Ин ба он маъност, ки ин эътиилоф метавонад бидуни мувофиқа бо дигар аъзои маҷлис ба президент Владимир Зеленский номзадии нахуствазирро пешниҳод кунад. Бар асоси иттилои расонаҳо, нахуствазири ояндаи Украина метавонад Алексей Гончаруки 35-сола интихоб шавад, вале ҳанӯз қарори расмӣ дар ин замина содир нашудааст.

Нахуствазири собиқ Владимир Гройсман зимни суханронӣ дар баробари парлумон истеъфои ҳукумати қаблиро эълон кард. Ҷаласаи парлумонро президиуми муваққатӣ ва пешвои ҳизби «Хидматгори халқ» Дмитрий Разумков раҳбарӣ карданд. Интизор меравад, ки Разумков раиси нави парлумон интихобот мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *