Рӯзҳои 4 ва 5 март, баъди эълони баста шудани масҷидҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси коруно, мардум ба таҳлука афтод ва ба бозору мағозаҳо сарозер шуд. Ҳазоҳо тонна орд ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин ду рӯз ба савдо рафтанд ва қимати орд дар архе манотиқ то 50 дарсад боло рафт.
Хушбахтона чанд омил боис шуд, ки аз ин вируси воҳима ҷилавгирӣ шавад ва мардум дубора ба зиндагии оддии хуб баргардад.
Ҳарчанд саҳми воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дар паст шудани шиддати воҳима кам набуд, бояд эътироф кард, ки нақши муҳимеро дар пешгирӣ аз ҳамагир шудани воҳима ҳукумат бозид. Пеш аз ҳама бастани мағозаҳои ордфурӯшӣ ва баъдан маҳдуд кардани равуои мошинҳо ба бозорҳо, воқеъан тасфи воҳимаро хеле паст кард.
Баъди шурӯъи ҳангома дар 4-уми март ва холӣ шудани аксари мағозаҳои ордфурӯшӣ дар пойтахт, субҳи 5-уми март даҳҳо ҳазор нафар дар Душанбе ва манотиқи дигари кишвар ба бозорҳо рехтанд. Аммо тамоми мағозаҳои ордфурӯшӣ ё баста буданд, ё худи мақомот фурӯши ордро ҳам ба роҳ монда буданду ҳам назора мекарданд. Мардум ба мағозаву бозорҳо сарозер шуд ва асосан аз пайдо накардани орд ноумед шуа ба хонааш баргашт. Дар ин муддат расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ кори худро карданд – ба масхара гирифтани ордхарии мардум, шарҳи коршиносону нухбагон ва ғайра тафси воҳимаро хеле поин бурд ва шумори харидорони орд дар шашуми март бамаротиб камтар шуд.
Инҷо мешавад ба вохӯрӣ бо мардум рафтани мақомоти маҳаллӣ. аз ҷумла раисони шаҳру навоҳиро низ зикр кард, вале таъсири ин кор камтар аз ҳамаи онҳое буд, ки дар боло зикр шуд. Зеро мардум кайҳо ба мақомот бовар надорад ва умдатан ҳарфи онҳоро чун дурӯғи навбатӣ қабул мекунад. Вале бастани мағозаҳову танзими равуо ба бозорҳо воқеъан корсоз буд.
Дар ҳамин ҳол, нафарони зиёде пайдо шуданд, ки аз ин воҳима сӯистифода карданд ва нархҳои маҳсулоташонро боло бурданд. Ҳам дар сатҳи миёнаву поён ва ҳам дар сатҳи хеле боло – хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.
Барои мисол, Радиои Озодӣ аз номи як дӯкондор чунин қисса кард:
“Аксарияти маводи хӯрокворӣ, шустушӯ ва ниёзи рӯзгорро, ки харидори зиёд дорад, дар Тоҷикистон ду ширкат таъмин мекунанд: ҶДММ “Таджеро” ва ҶДММ “Алика”. Ин ду ширкат қариб, ки ҳамаи маҳсулоти пурхаридорро дар ҷумҳурӣ монополия кардаанд . Ширкати “Таджеро” воридоти чанд навъи маҳсулоти хушхарид, аз ҷумла равғани “Олейна”, “Злата”, нахуди сабзи “Бондуэл”, майонези “Провонсал”-ро зери даст дорад ва агар ширкати дигаре ҷуръат кунанд ин маҳсулотро аз хориҷа ворид кунад, “миёни ӯро мешикананд”.
ҶДММ “Алика” монополисти уребчаҳои “Эви бэйбӣ”, кетчупи “Риква”, “Гулшан”, маводи ороишӣ ва шампунҳои Schwarzkopf, Хеден Шолдерс, хокаи шустушӯии “Ариэл” аст. Имрӯз намояндагони тиҷоратии ин ширкатҳои яклухтфурӯш нархи ҳама маҳсулотро аз дирӯз дида гаронтар ба мо пешниҳод доранд.
Масалан равғанҳои 5-литрии “Злата”, “Олейна” 56 сомонӣ буданд, ҳоло 60 сомонӣ кардаанд! Ҳамин тавр нархи ҳама маҳсулоти дигарро боло бурданд. Прокурорҳо аз мо талаб доранд, ки нархро боло набарем! Мо чӣ кор кунем?”
ҶДММ “Таджеро” ва ҶДММ “Алика” ҳарду зери нишонии нохияи Рӯдакӣ, ҷамоати Россия, дехаи Қуштеппа ба қайд гирифта шудаанд.
Дар феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ чун муассиси ягонаи ширкати “Алика” Ғайбуллоеев Ҳакимбердӣ Эркинович зикр шудааст. Санаи бақайдгириаш 15.06.2010.
Маҳалли ягона, санаи ба ҳам наздики бақайдгирӣ, насаби якхелаи муассисон ва фаъолияти якҷояи онҳо шубҳаовар буд. Шубҳаовартар аз ин, монополия карда тавонистани воридоти қисме аз маҳсулоти ниёзи мардум аз тарафи ширкатҳоест, ки муассисонаш ба касе шинос нестанд.
Ба Паём муяссар шуд муайян созад, ки муассисони ҳардуи ин ширкат Ғайбуллоеев Ҳакимбердӣ ва Ғайбуллозода Абдураҳмон бародар ҳастанд. Аммо на барои худ, балки барои Зарифбек Давлатов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Таҳминаи Эмомалӣ кор мекунанд. Яъне ин ду ширкат дар асл ба Зарифбеку Таҳмина таъаллуқ дошта, Ғайбуллоевҳо танҳо нақси муассис ва роҳбарро бозӣ мекунанд.
Ва боло бурдани қимати маҳсулот дар рӯзҳое, ки мардум ба таҳлука афтода буд, бо гумони ғолиб бо амри Зарифбеку Таҳмина сурат гирифтааст.